• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ ҶИҲАТИ ТАКМИЛИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСИВУ АНГЛИСӢ

Бо ташаббуси ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудан ва сайқал додани раванди таълиму омўзиши забони англисӣ ва ҷиҳати иҷроиши “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” курс-тренинг барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар Донишгоҳ оғоз гардид.
Даври аввали тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корњои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки баргузории даври аввали тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” оид ба навиштани дархости лоиҳавӣ барои дарёфти грантҳои хурд дар давоми се рўз, рўзҳои 14, 15, 16 – уми ноябри соли ҷорӣ тибқи нақша пешбинӣ гардидааст. Даври дуюми тренинг оид ба усулҳои муосири таълими забони англисӣ аз санаи 21 то 25 – уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj