• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НАМУНАИ ДАРСИ КУШОДИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Имрӯз, дар таърихи 15 ноябри соли 2022 тавассути мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (фаронсавӣ ва олмонӣ)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин  Айнӣ, дотсент Куҷов Раҳматулло Мақсадович дар мавзуи “Дараҷаҳои сифат дар забони олмонӣ” дар гурӯҳи 108-и ихтисоси забони олмонӣ дарси кушоди намунавӣ баргузор шуд. Лозим ба зикр аст, ки тайёр кардани омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот ҳадафи асосии мактабҳои олии педагогӣ ба шумор меравад. Донишҷўёни имрўза, ки дар оянда аз ин ё он ихтисос омўзгор мешаванд, натанҳо фаъолияти касбии худро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими фанни тахассусиро дар мактаб ҳамаҷониба омўзанд, то ки дар раванди таълиму тарбияи хонандагон онро амалӣ гардонида тавонанд. Дар ин самт тайёрии ҳамаҷонибаи омўзгоронеро, мисли таҷрибаи Куҷов Р. М. метавон шоиста арзёбӣ кард. Чунин дарсҳо дар  васеъ шудани тасаввуроти донишҷўён доир ба ҳодисаҳои педагогӣ шароит муҳайё намуда, баҳри амиқ ва эҷодкорона амалӣ гардонидани донишҳои тахассусӣ, педагогӣ-психологӣ ва методии онҳо имконият фароҳам меоварад. Дар қисмати ҷамъбастии дарси кушод саволу ҷавоб бо ва шогирдон сурат гирифт, ки дар он омӯзгорони ҷавон Турсунова Рӯзихон, Ёракова Манижа,Тилабова Гуландом фаъолона иштирок намуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj