• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ПОЙТАХТ

Санаи 15-уми ноябр дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси таҷрибаомўзони гурўҳи 5 физика-информатика, таҳти роҳбарии методисти кафедраи методикаи таълими физика Бобониёзова Г.А. ва хонандагони синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии омўзгори физикаи ҳамин муассисаи таълимӣ Абдуллоева С.Ҳ. дар мавзўи «Электриконии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳфили илмӣ – фароѓатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даќиќ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 ташкилу гузаронида шуд. Дар маҳфили мазкур декани факултети физика Назруллоев А.С., сармутахассиси маркази таҷрибаомўзӣ ва рушди касбият Раҳмонова О., муовини декани факултет оид ба корҳои таълимӣ Давлатов Р., муовини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ Ниёзов С., роҳбари таҷрибаомўзии факултет Умаров У.С., мудири кафедраи физикаи умумӣ Сияҳаков С.М., мудири кафедраи методикаи таълими физика Раҷабов У.Х., омўзгори физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе Абдуллоева С.Ҳ., хонандагони синфи 10-и ҳамин муассисаи таълимӣ, омўзгорон ва донишҷўёни факултет иштирок намуданд.

Маҳфилро роҳбари таҷрибаомўзии факултет Умаров У.С. ифтитоҳ намуда, доир ба ҳамкориҳои судманди Донишгоҳ, факултети физика ва кафедраи методикаи таълими физика сухан гуфта, ин ҳамкориҳоро самарабахшу фоиданок арзёбӣ намуд.

Сипас, декани факултет Назруллоев А.С. ҳозирин, алалхусус намоянда ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе хайрамаќдам гуфта, фаъолияти таҷрибаомўзон ва ҳамкориҳои факултетро бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе хуб арзёбӣ намуд. Баъдан намояндаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе, омўзгори физика дар ҳамин муассиса, хатмкардаи факултети физика Абдуллоева С.Ҳ. сухан карда, миннатдории маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанберо ба раёсати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, садорати факултет ва мудирияти кафедраи методикаи таълими физика расонида, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин ҳакориҳо оянда низ идома хоҳад ёфт.

Сипас, хонандагони синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Душанбе маҳфили омодакардаашонро манзури ҳозирин гардониданд.

Дар охир аз ҷониби садорати факултети физика ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj