• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШУРОИ ОЛӢ


Имрӯз, 15-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Н.Хисрав, Қаҳҳор Расулиён, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, Ҳайдаршо Пирумшоев, доктори илмҳои таърих, профессор, муовинони ректор ва як зумра омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ пас аз садо додани суруди миллӣ конфронси ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз ва дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Дар идомаи конфронс Давлаталӣ Алимов, Қаҳҳор Расулиён ва Ҳайдаршо Пирумшоев роҷеъ ба муҳимияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ бо барномаи рангини иборат аз суруду таронаҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардонид.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj