• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

АРҶГУЗОРӢ БА САНАИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

Дар таърихи 16-уми ноябри соли 2022 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор оид ба корҳои таълимӣ, дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Дониёр, сардори маркази бақайдгширӣ, машваратӣ ва ягонаи тестӣ, дотсент Назаров Давлатхон, садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Дотсент Айнулозода Наҳтулло, профессор Сангинзод Дониёр ва профессор Восиева Рухшона перомуни паҳлуҳои гуногуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санаи муҳими тақдирсоз барои миллати тоҷик, мақсад ва муҳтавои гиромидошти Рӯзи Президент сухан ронда, андешаҳои ҷолиб ироа намуданд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён барномаи ҷолиби фарҳангӣ баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд, ки тараннумгари рушду шукуфоии кишвари биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирифт. Дар фарҷом як қатор донишҷӯёни факултет, ки дар озмунҳои гуногун ҷойи фахриро ишғол намуданд, қадрдонӣ карда шуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj