• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Низоми кредитӣ тақвият меёбад

Дар асоси барномаи TEMPUS намояндагони макотиби олии Ҷумҳурии Испания Велон Сиксто, Сантос Риго Мигел Ангел ва Гарси Алварес ба донишгоҳи мо ташриф оварда, бо ректор, академик Носирҷон Салимов мулоқот намуданд. Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, ҳадаф аз омадани меҳмонон огаҳӣ пайдо кардан аз раванди татбиқи низоми кредитӣ дар таълимгоҳи мо мебошад.

Дар оғоз сарвари маърифатгоҳ Н.Салимов дар хусуси ҷараён ва низоми таълим сухан гуфта, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар донишгоҳ алъон ду зинаи таҳсилот-бакалавр ва магистратура ҷорист ва зинаи дигари таҳсилот-доктор phd ба тозагӣ таъсис ёфт.

Ректор дар идома, инчунин, зикр кард, ки таълимгоҳи мо дар марҳилаи гузариш қарор дорад ва ҳам аз низоми аврупоӣ ва ҳам анъанавӣ истифода мешавад.

Дар посух ба суоли меҳмонон пиромуни шӯроҳои дифоъ Н.Салимов иттилоъ дод, ки дар кишвари мо Комиссияи олии аттестатсионӣ ба тозагӣ ба кори худ шурӯъ намуд ва то имрӯз дипломҳои номзадию докториро олимон аз Комиссияи олии аттестатсионии Русия дарёфт мекарданд.

Дар такя бар қавли ректор, дар низоми кредитӣ қисми зиёд барои кори мустақилонаи донишҷӯ ихтисос шудааст, аммо раёсати донишгоҳ наметавонад, ки ин амалро ба таври дилхоҳ ва самаранок роҳандозӣ намояд. Яъне, кори мустақилонаи донишҷӯро наметавон ба таври бояду шояд дар низом ворид кард. Дар самт машварат ва дастури меҳмонон ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад.

Н.Салимов, ҳамзамон, таъкид дошт, ки дар ҷодаи автоматикунонии раванди таълим низ мушкилот ҷой дорад. Масалан, раёсат мехоҳад, ки ҷамъбасти ҳаррӯзаю ҳар ҳафтаинаи ҷараёни таълимро дар даст дошта бошад, вале барои амалигардии ин иқдом неруи зиёди корӣ лозим аст. Аз ин рӯ, тариқи автоматӣ ба роҳ мондани назорати раванди таълим судманд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки пас аз мулоқот бо сарвари таълимгоҳ меҳмонон бо масъулони раёсати таълим, мудирони кафедраҳои ихтисосӣ ва ҷомеашиносӣ дар хусуси татбиқи самараноки низоми кредитӣ семинар баргузор намуданд.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj