• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури ректори муассиса, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябри соли равон мусобиқаи футбол дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯйписарони факултетҳо оғоз гардид. Дар маросими оғози мусобиқа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, муҳтарам Айнуллозода Наҳтуллло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов, мудири бахши таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, мудири кафедраи тарбияи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Намозов Тошқул, чаҳордаҳ дастаи факултетҳо ва як қисмат мухлисони  футбол иштирок доштанд. Давлатшо Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон дар оғоз ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Сипас муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ муҳтарам Айнуллозода Наҳтуллло қайд намуд, ки дар доираи дастури ректори Донишгоҳ ҷиҳати  тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳким бахшидани равобити дустӣ миёни ҷавонон бо ибтироки шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мусобиқаи варзишии футбол ташкил гаридааст.

Дар навбати аввал  бозӣ дар байни дастаҳои факултети технология ва забон ва адабиёти рус баргузор гардид. Қайд намудан лозим аст, ки бозиҳои минбаъда аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида баргузор мешаванд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj