• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Субҳи 24 ноябри соли 2022 аз «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то майдони Парчами давлатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради идона ва роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувВияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Инчунин дар роҳпаймоии идонаи имрӯза ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 10 000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, варзишгарон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, тамоми сокинони кишварро бо ин санаи муҳиму таърихӣ, сивумин солгарди қабули Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд.

“Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд” – қайд гардид дар баромад.

Дар идома барномаи зебои фарҳангии аҳли ҳунар ва санъат пешниҳоди иштирокчиёни паради идона ва роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ гардонида шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj