Хабарҳо |
ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ Дар таърихи 28-уми ноябри соли 2022 дар факултет забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар гурӯҳи 110, ихтисоси забони муосири олмонӣ-тарҷумон дарси кушоди тарбиявӣ баргузор карда шуд. Дар дарси кушод декани факултет Қувватова С.М., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д., мудири бахши кор бо занону бонувон Далатзода М., мутахасиси шуъбаи тарбия Исломзода Ф., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. ва як зумра устодону донишҷӯён ширкат намуданд. |