• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ USAID ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”!

28-уми ноябри соли 2022 ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо директори бахши маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереса Миллер ва роҳбари бахши қарордодҳои ин ташкилот Мавҷуда Набиева мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ масъалаи бозомӯзӣ ва фаро гирифтани устодонро ба семинару тренингҳо дар мувофиқа бо намояндагони USAID ба роҳ хоҳад монд. Ҷонибҳо баъд аз анҷоми мулоқот аз синфхонаҳои таълимии факултети педагогика ва осорхонаҳои биологиву зоологии факултети биология дидан намуданд. Тереса Миллер ҳамчунин яке аз ҳадафҳои ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуд.
Дар ин вохӯрии муфид инчунин доир ба мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ ва ироаи маърӯзаҳо табодули назар сурат гирифт.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj