• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОҲИБКОРӢ

Тибқи нақша дар таърихи 30 ноябри соли 2022 дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботӣ марбут ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид, ки дар ҳузури муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳисоботи солонаи бахши илми факултет ироа гардид.
Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Ширинов М.Ч. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳама, омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳузур доранд. Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи мавсуф ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷом муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. фаъолияти илмии факултетро қаноатбахш дониста, ба устодони факултет барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи маводи таълимию дарсӣ ва мақолаҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори минатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон, мавсуф барои дар оянда тақвият додани фаъолияти илмӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.Таъкид гардид, ки марбут ба ислоҳи камбудиҳо ба Раёсати донишгоҳ маълумотнома ирсол карда шавад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj