• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Наврӯзнома»-и Президент

Наврӯз, ки табиатан гаравиш бо озодагиву ворастагӣ дорад, бо фарорасии даврони Истиқлолият дар Тоҷикистони азиз нафаси тоза дарёфту вусъати дигар пазируфт. Истиқлолияти диёри арҷманди мо, диёре, ки чун Ватани Наврӯз эътироф шудааст, барои ин ҷашни фархунда марҳилаи тозаеро оғоз бахшид, шуҳратфазои он гашт. Ва дар ин даврони шукуфоии халқи тоҷик низ, хушо, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар симои абармарди фарҳангпарвару хирадгустар Эмомалӣ Раҳмон посдори содиқу неруманди хешро дарёфт.

Президенти муҳтарами Тоҷикистон аз нахустқадамҳои мубораки хеш ба арсаи сиёсат баҳри арҷгузориву эҳтироми арзишҳои

миллӣ ва муқаддасоти миллат садоқатмандонаву пайгирона бикӯшид ва дар ин ҷодаи пурифтихор комёбиву шарафманд гашт.

 

Шоиста ба таъкид аст, ки Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ин ҳама хидматҳои фидокоронааш баҳри пойдориву рушди миллат дар ҷодаи густариши адабиёту фарҳанг низ корҳои зиёдеро сомон бахшид ва дар ин миён ба эҳёи Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард, балки эҳёгари ин фархундаҷашн гашт, зеро ормонҳои наврӯзиро ба ормонҳои миллатпарастонаву башардӯстонаи хеш бисёр мувофиқу созгор дарёфт. «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад», - ҳанӯз дар солҳои 90-уми садаи гузашта иброз дошта буд Сарвари хирадсолори кишвари маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ибтикори ин пешвои садоқатпешаи миллат Наврӯз дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила вусъату шукӯҳи бештар дарёфт ва дар соли 2010 чун ҷашни ҷаҳонӣ (бо қатъномаи СММ) пазируфта шуд. Ин воқеаи сурурбахши таърихиро Президенти мо бо камоли ифтихор чунин тавзеҳ бахшидааст: «Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст».

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҷашнҳои наврӯзии тамоми манотиқи Тоҷикистон ва ҳам дар ҷашнҳои наврӯзии кишварҳои хориҷӣ фаъолона ширкат меварзад ва суханронӣ мекунад.

Ин ҳама суханрониҳои Сарвари кишварамон дар маҷмӯъ «Наврӯзнома»-и муҳташамеро мемонанд, ки саршор аз меҳру муҳаббат, афкори наҷибона ва ормонҳои волоянд. Онҳо ҳамагонро ба посдории арзишҳои миллӣ, ба худогоҳиву хештаншиносӣ, ба ватандӯстиву бунёдкорӣ, ба дӯстиву рафоқат ва некиву покизагӣ ҳидоят менамоянд ва шоистаи онанд, ки батакрор мутолиа шаванду мавриди баҳрабардории ҳамешагӣ қарор бигиранд.

Бо дарки ин маънӣ адибон Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ матни суханрониҳои Президенти мамлакатро дар ҷашнҳои наврӯзии солҳои гуногун гирд оварда, бо номи «Наврӯз-шиносномаи миллат» китоберо таҳия намудаанд, ки чанде пеш аз тариқи нашриёти «Адиб» бо сифату ороиши баланд ба нашр расид. Ин китоби муҳтавомандро метавон чун як ҳадяи шоистаи Сарвари кишвар пазируфт ба ифтихори вуруди тозаи Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ба Тоҷикистони азиз.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj