• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Муборак бод Наврӯзи ҷаҳонӣ!

Паёми табрикии ректори донишгоҳ, академик

Носирҷон Салимов ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Устодони муҳтарам!

Донишҷӯёни азиз!

Дар диёри мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, боз фасли баҳор, фасли эҳёи оламу одам ва бедории табиати фусункор ҳукмфармо гашт ва ҷашни бостониву беназири аҷдодиамон, ҷашне, ки ҳамакнун эътирофи ҷаҳонӣ дораду варо Наврӯз ном аст, фаро расид.

Наврӯзи куҳанбунёди моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш, ибтидои ҳаёт хондаанд. Воқеан ҳам, Наврӯзи бостонӣ дар саргаҳи таърихи мо-ориёинажодон қарор дорад ва ҳамчун суннати пурарзиши миллӣ, ҳамчун ифодагари фарҳангу тамаддуни волои мо эътироф гардидааст.

Наврӯз чун рамзи ҳамбастагии инсону табиат, рамзи эҳёи оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар залмот шинохта мешавад. Маҳз бо фарорасии Наврӯз Замин ба меҳвари Хуршед баромада, шабу рӯз баробар мешавад ва ҳамагон рӯҳу тавони тоза пайдо мекунанду бо азму ният, дасту дили гарм аз нав ба корҳои ободониву созандагӣ машғул мегарданд.

Муҳимтар аз ҳама, Наврӯзи оламафрӯзи мо бо сулҳу ваҳдат, бо дӯстиву рафоқат, бо фаъолияту бунёдкорӣ ва бо пиндору гуфтору кирдори нек иртиботи ногусастанӣ дорад ва мардумро аз кинаву хушунат, дурӯғу иғво ва ҳирсу ҳасад барканор медорад.

Мо ифтихормандем, ки Наврӯзи бостониамон дар арсаи пуршебу фарози таърих мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф карда, бо тамоми анъанаву оин ва ҳусну тароваташ то ба рӯзгорони мо расидааст ва умри бардавому безавол ёфтааст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои густариши Наврӯзи фархундапай имконияти мусоид ва фарогир ба вуҷуд овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳои миллӣ эҳё гаштаву умри дубора дарёфтанд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард, бештар доман густурд. Сарвари кишварамон, махсусан, ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳу эҳтироми самимӣ доранд ва ҳамасола бо аҳли кишвар ин фархундаҷашнро бо азму  ниятҳои тозаву нек таҷлил менамоянд. Дар ситоиши ҷашни Наврӯз Сардори давлати тозаэҳёи тоҷикон, аз ҷумла, чунин иброз доштаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузоштагони мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад».

Наврӯз ҳамбаста бо ривоҷу равнақи корҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти мо мусоидат менамояд. Соҳаи маориф низ аз ин ҷиҳат истисно нест. Аз ҷумла, дар таълимгоҳи мо солҳои охир фаъолият дар тамоми самтҳо вусъат ёфта, корҳои ободонию созандагӣ ҳамвора пеш мераванд. Дар як давраи кӯтоҳ синфхонаву озмоишгоҳҳо, кабинету толорҳои донишгоҳ таъмир карда шуданд ва ба қадри имкон муҷаҳҳаз гардиданд. Донишгоҳ имрӯз бо теъдоди зарурии компютерҳо ва лавозимоти дигари таълимию техникӣ таъмин мебошад. Донишҷӯёни мо дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба комёбиҳо мушарраф гардиданд. Сатҳи таълиму тарбия ва алоқамандона бо он сатҳи саводнокии толибилмон хеле боло рафт. Дар донишгоҳ мунтазам ҳамоишҳои илмию методӣ, конфронсу маҳфилҳои гуногун баргузор мешаванд. Фаъолияти устодон ва олимони таълимгоҳ низ бештар гардидааст ва онҳо пайваста тадқиқоти гуногуну фарогир ва муҳимро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ идома мебахшанд, мақолаҳои нав ба нави илмию методӣ ва рисолаҳою китобҳо менависанд.

Саҳни таълимгоҳи мо низ хеле ободу зебо гаштааст ва хушо, ки намои умумии донишгоҳамонро аз оғози соли таҳсили равон боз як бинои зебои замонавӣ, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти мамлакат ширкат доштанд, оро медиҳад.

Дӯстони арҷманд!

Бовар дорам, ки Наврӯзи имсола ба боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти аҳли донишгоҳ, ба ободу зеботар гаштани он, ба оғози тадбирҷӯиҳои тоза бо ниятҳои нек мусоидат хоҳад кард, зеро ба назар «Баҳор имсол хуштар менамояд, Замин фирдавси дигар менамояд».

Ҳамаи шумо-аҳли донишгоҳи азизамонро бо қудуми тозаи Наврӯз самимона муборакбод мегӯям. Рӯзгоронатон лабрез аз шодию сурур, бахту саодат ва сарсабзиву шукуфоӣ бод!

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj