• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 26 январи соли 2023 бо ибтикори маъмурияти Маркази таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки аз ҷумлаи сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону шунавандадухтарони курсҳои ҳисобдорӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд. Директори марказ Саидов Баҳодур тавассути суҳбати телефонӣ зикр кард, ки ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Озмуни “ Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- омили худшиносии миллӣ” бо роҳбарии корманди бахши кадрҳо Маҳбуба Каримова ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он ҷалб кардани довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур мебошад. Лозим ба зикр аст, ки ин озмуни ҷумҳуриявӣ дар моҳи феврали соли 2023 оғоз ёфта, омӯзиши корномаҳои ниёгон, комил намудани эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ба таври бештар шинохтани нақши миллати тоҷик дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва амсоли инҳо низ аз ҳадафҳои озмуни мазкур мебошанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj