• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

Дар таърихи 28 январи соли 2023 дар факултети математика ба истиқболи ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи тарбия Алланазаров Ш., раиси Шӯрои занон Давлатзода М., садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Зикирзода Ҳ. оғоз намуда, перомуни Сада ва аҳамияти таҷлили он сухан ронд. Мавсуф дар рафти суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки аҳамияти таҷлили ин ҷашни аҷдодиро Пешвои миллат чунин арзёбӣ намудаанд: “Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.” Сипас, устоди факултет Абдураззоқи Раззоқ дар мавзӯи “Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ” маърӯза кард. Дар идома баҳри болидахотирии аҳли нишаст аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангии саршор аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақс намоиш дода шуд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj