• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ - ЯКЕ АЗ ШАКЛҲОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ АЛОҲИДАИ ДАВЛАТӢ

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккул ва такмил додани низоми хизматрасонии давлатӣ мебошад. Либерализатсияи сиёсати иҷтимоии давлат, такмили стратегияи он ба татбиқи пешрафти илмию техникӣ, иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афзоиши шумораи аҳолии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеа нигаронида шудааст.

Функсияҳои давлат омили ҳалкунандае мебошанд, ки сохтор ва фаъолияти онро муайян мекунанд, ки қисми зиёди он тавассути хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад. Дар асоси ин, хароҷоти буҷети Тоҷикистонро метавон тасниф намуд, ки он барои хадамоти давлатӣ ҷудо карда мешавад. Таснифи функсионалии он соддатар аст, ки дар он тамоми вазифаҳои давлатӣ, яъне соҳаҳои ҷамъиятие, ки маблағгузории давлатро талаб мекунанд, номбар шудаанд. Ҳалли вазифахои давлат аз нав тақсим намудани вазифаҳои мақомоти он ва бавуҷуд овардани низоми мувофиқи хизматрасонии давлатиро талаб мекунад.

Омӯзиши мукаммали мушкилиҳо ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар партави муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” аз 2 апрели соли 2020, №1690 аҳамияти махсус дорад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии ба хизматрасониҳои давлатӣ машғулбуда, инчунин ташрифоварандагони муқаррар менамояд.

Хизматрасониҳои давлатӣ - яке аз шаклҳои амалӣ намудани вазифаҳои алоҳидаи давлатӣ оид ба қонеъ кардани муроҷиати инфиродии гирандагони хизматрасонӣ, ки ба татбиқи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо равона гардидааст. Хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби хизматрасонандагон тавассути портали интернетии "Ҳукумати электронӣ" расонида мешаванд. Дар муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба хизматрасонии давлатӣ се субъект ширкат менамоянд: 1. гирандагони хизматрасонӣ; 2. Хизматрасонанда; 3. мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ.

Ташрифоварандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба истиснои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд. Ташрифоварандагон ҳуқуқ доранд: дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ маълумоти пурра ва саҳеҳ гиранд; - хизматрасониҳои давлатиро мутобиқи стандарти давлатии хизматрасонӣ гиранд; - бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарорҳо, амалӣ (беамалии) хизматрасонанда, доир ба масъалаи хизматрасониҳои давлатӣ шикоят кунанд;  - хизматрасониҳои давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли коғазӣ ва (ё) электронӣ гиранд; - бо тартиби пешбининамудаи қонун дар муҳокимаи оммавии лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ иштирок намоянд; - ба суд оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайронгардида, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии марбут ба хизматрасониҳои давлатӣ муроҷиат намоянд.

Хизматрасонанда - мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамоянд. Хизматрасонанда ҳуқуқ дорад: ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо дархости барои хизматрасониҳои давлатӣ зарур муроҷиат намояд; вобаста ба ҳолатҳо дар асоси муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро рад кунад.  Хизматрасонанда уҳдадор аст: Хизматрасониро мутобиқи талаботи стандартҳо ва дастурҳо ба анҷом расонад; - барои шахсони имконияташон маҳдуд ҳангоми гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ шароити зарурӣ фароҳам оварад; ба ташрифоварандагон дар бораи тартиби хизматрасониҳои давлатӣ маълумоти пурра ва саҳеҳро пешниҳод намояд; - ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар хизматрасонандагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва иттилооти барои хизматрасониҳои давлатӣ заруриро, аз ҷумла тавассути якҷоякунии низомҳои иттилоотӣ пешниҳод намояд;  - тахассуси кормандони соҳаи хизматрасониҳои давлатиро баланд бардорад; - муроҷиатҳои гирандагони хизматрасониро баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои баррасӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун ба онҳо маълумот диҳад; - ба дархости ташрифоварандагон дар бораи ҳолати иҷрои хизматрасониҳои давлатӣ маълумот диҳад; - ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи ташрифоварандагон тадбирҳо андешад; - бо тартиби муқарраргардида, ба низоми иттилоотии мониторинги хизматрасониҳои давлатӣ ворид намудани маълумотро дар бораи марҳилаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ таъмин намояд; ризоияти хаттии гирандагони хизматрасониро ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ барои истифодаи маълумоти дорои сирри махфии аз ҷониби қонун ҳифзшаванда дар низомҳои иттилоотӣ мавҷудбуда нигаҳ дорад, агар тариқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Мақоми ваколатдор оид ба хизматрасониҳои давлатӣ - мақоми давлатие, ки роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасониҳо амалӣ менамояд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ” аз 27 августи соли 2020, №462 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ аст. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:  - амалигардонии сиёсати давлатиро оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар доираи ваколаташ таъмин менамояд; - феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва қоидаҳои пешбурди онро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; - лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатиро мувофиқа менамояд; - мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизматрасонандагони дигарро оид ба таҳияи стандартҳо ва (ё) меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ мегузаронад; усули муайян намудани арзиши пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд;  - тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд; - оид ба такмили стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд; - азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамояд; - қоидаҳои назорати миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро таҳия менамояд;  - назорати миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатиро амалӣ мегардонад; - дар бораи натиҷаҳои назорати дохилии миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ маълумот талаб менамояд; - усули арзёбии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд; - ташаккул ва амалигардонии фармоиши давлатии иҷтимоиро оид ба гузаронидани мониторинги ҷамъиятии миқдорро амалӣ менамояд; - ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди гузаронидани мониторинги ҷамъиятии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ мерасонад.

Ҳамин тариқ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ як қисми ислоҳоти хизмати давлатӣ ва ислоҳоти ҳамаҷонибаи бахши идоракунии давлатӣ назаррас мебошад. Хизматрасонии давлатӣ ҳамчун амали муфиди хизматчиёни давлатӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботи соҳаи идоракунии давлатӣ нигаронида шудааст, аз ҳадафҳои стратегии кишвар ва вазифаҳое бармеояд, ки аз ҷониби вазорату идораҳо ва хадамотҳои дахлдор тибқи қонунгузорӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Абдуҷаборзода Хушбахт Абдуҷабор – унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj