• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА СОЗАНДА
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст8-уми июни соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои ташкилот, инчунин ҷиҳати фаҳмонидани бандҳои Оиннома, Барнома ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони баргузор гардид. Дар чорабиниии мазкур Қубонзода Убайдулло-раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дониёр Сангинзод-муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, Давлатзода Фариддун-сардори раёсати илм ва инноватсия, Назарзода Давлатхон-декани факултаи таърих ва ҳуқуқ, Раҷабов Дилшод-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Давлатшо Каримов-котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва зиёда аз 240-нафар аъзои ҳизб иштирок намуданд. Хониши сиёсиро Раҷабов Дилшод ифтитоҳ бахшида, доир ба банди 3.9.–и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз андеша карда, зикр намкд, ки узви ҳизб вазифадор аст, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд, дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бошад ва дар корҳои он фаъолона ширкат варзад, ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок намуда, қарорҳои ҳизбро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа талош варзида, дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад.
Сипас, профессор Дониёр Сангинзод дар мавзӯи “Риояи интизоми ҳизбӣ-воситаи ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои ҳизб” баромада намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад. Дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, бо талошҳои ҷонсӯзонаю шабонарӯзӣ баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.
Дар идома Қурбонзода Убайдулло баромад карда, иброз дошт, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмӯҳлати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, саҳми босазо гузорад.
Баъдан Давлатзода Фариддун дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ” сухан ронда, зикр намуд, ки масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Назарзода Давлатхон дар навбати худ дар мавзӯи “Барои рушду устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” маърӯза карда, қайд кард, ки дар моддаи 1.3. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистон дарҷ гардида, дар ин асно Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ саъю талош мемояд.
Давлатшо Каримовдар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати ҷавонон” баромад карда, аз ҷумла иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Инчунин омӯзиши илму донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ин замина Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо такя ба устодони ботаҷрибаву донишманд ва собиқадорони ҳизб дар ростои кор бо ҷавонон бештар фаъолиятро дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон аз худ кардани донишу ихтисосҳои замонавӣ ва интихоби касби муосир равона карда истодааст.
Дар фарҷом ба аъзоёни ташкилот сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим карда шуд.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj