• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН 18 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ МАҚОМИ ИФТИХОРИРО СОҲИБ ШУДАНД
1-уми июни соли 2023 дар литсеи №3-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фӯруғи маърифат” ҷамбаст гардида, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ маълум гардиданд.
Дар даври ноҳиявии озмун аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 48 нафар донишҷӯёни зинаҳои мухталиф ширкат варзида, 18 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Вобаста ба номинатсияҳои озмун 5 нафари онҳо сазоворӣ ҷойи 1-ум, 3 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 10 нафар сазоворӣ ҷои 3-юм гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳти назорат ва дастгирии ҳамешагии ректори Донишгоҳ қарор дошта, аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба ба даври шаҳрии озмун омода карда мешаванд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj