• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТЕ, КИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ОНҶО МУТАСАДДӢ АСТ!
10-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки тибқи нақшаи Вазири маориф ва илмӣ мутасаддӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-иноҳияи Кӯшониён мебошад, аз рафти корҳои ободониву созандагии ин ҷамоати калонтарини ноҳия дидан намуд.
Ректори донишгоҳ дар якҷогӣ бо гурӯҳи вазифадоршуда аз 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи барои кӯдакони болаёқату як кӯдакистони хусусӣ, корхонаи истеҳсоли равғанбарориву корхонаи коркарди “Пахта” ва беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ба ин Ҷамоат ташриф оварда, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №14 бо фаъолони Ҷамоати деҳоти "Заргар"-и ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия мулоҷот анҷом дод. Саидзода Раҳим Ҳамро аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ёдовар гардида, аз роҳбарияти донишгоҳ баҳри ҳамбастагӣ ва тарғиби ҷомеаи кишвар баҳри ватандӯстиву ободонӣ изҳор сипос намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj