• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ ФАЪОЛИЯТИ НАТИБАХШРО ТАЛАБ МЕКУНАД!

Возможно, это изображение 3 человека

14-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултетҳои матиматика ва информатика, физика, технология ва иқтисодиёт ва идора баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба масоили чоп намудани китобҳои дарсӣ, иҷрои сарбориҳои қисми илм, навиштани мақолаҳо дар маҷалаҳои байналмилалӣ, омода намудани дарсҳои видеоӣ, тайёр намудани шогирдон барои олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ҷаласа ректори донишгоҳ зикр кард, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи имкониятро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзӣ фароҳам овардааст ва дар ин замина устодон бояд китобҳои дарсии фанни худро омода намоянд.
Мо талош дорем, ки сатҳу сифати зиндагии омӯзгорон хуб шавад ва онҳо фаъолияти натиҷабахш баҳри таълиму тарбияти донишҷӯён нишон диҳанд ва ҷавонони ояндаи кишварро дар руҳияи илмӣ тарбият намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj