• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 10 человек, помост и текстИмрӯз, 16-уми июни соли 2023 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо устодони факултетҳои химия, география, биология ва педагогика баргузор гардид. Ректори донишгоҳ оид ба амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани савияи таълиму тарбияро баррасӣ намуда, мушкилоти дар ин замина мавҷудавро зикр намуд. Таъкид шуд, ки беҳтар шудани сифати таълим пеш аз ҳама аз савияи дониш ва ҷаҳонбинии омӯзгорон вобаста аст.
Ҳарчанд дар ин ҷода пешравиҳои чашмрас ба миён омадаанд, вале ҳанӯз мушкилоти зиёде дар пеш аст. Аз ҷумла, ҳанӯз баъзе фанҳо китоби дарсӣ надоранд, миқдори мақолаҳои илмии байналмилалӣ қонеъкунанда нестанд, қисми зиёди омӯзгорон аз маъхази китобхонаи донишгоҳ истифода намебаранд, иқтидори илмии кафедраҳои факултетҳои номрафта ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, дар нақшаи таълимӣ такрори баъе фанҳо ба мушоҳида мерасанд, лоиҳаҳои илмии аксари кафедраҳо то кунун пешниҳод нагардидаанд. Ректори донишгоҳ аз бемасъулиятии мудирони баъзе кафедраҳои факултетҳои химия, география, биология ва педагогика дар самти таълим ва таълифи лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ изҳори ташвиши ҷиддӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ба онҳо муҳлат дода шуд.
Дар мулоқоти ошкоро дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтад. Хотиррасон мекунем, ки чунин мулоқотҳои созанда, ки амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи баланд бардоштани савияи таълиму тарбия ҳадафи меҳварӣ қарор медиҳанд, қаблан бо омӯзгорони факултетҳои дигари донишгоҳ низ доир шуда буд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj