• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ПОКИЗАГӢ МАРОМИ МОСТ

Возможно, это изображение 5 человек, дорога и деревоДар таърихи 24 июни соли 2023 тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ширкат намуданд. Дар рафти аксия устодону кормандон гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасон ва кӯчаҳои ҳамшафати донишгоҳро тоза карданд.

Ҳамчунин гурӯҳи дигари омӯзгорон тасмим гирифтанд, ки кафедра ва синфхонаҳоро рангубор намуда, ба биноҳои таълимӣ зиннати тоза бахшанд. Нарм намудани бехи дарахтон, ба тартиб овардани гулу буттаҳои ороишдиҳандаи гирду атрофи донишгоҳ аз ташаббусҳои созандаи кормандону омӯзгорони ин боргоҳи маърифат ба шумор меояд. Дар доираи ин чорабинӣ намои зоҳирии биноҳо, долон ва таҳхонаҳо низ тамиз карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аксияи мазкур ба ифтихори 26-умин солгарди таҷлили пуршукӯҳи ҷашни умумимиллии Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, хадафш ободу зебо намудани як гӯшаи шаҳри Душанбе ва ба ин васила ҷолибу дилрабо намудани муҳити атроф мебошад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj