• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ: ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАЪЛИМИ НАСЛИ ИМРӮЗИ МИЛЛАТ БОЗ ҲАМ БЕШТАР ТАЛОШ НАМОЯНД!
Возможно, это изображение 11 человек, помост, храм и текстИмрӯз ҳисоботи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи нимсолаи аввали соли 2023 ба самъи кулли кормандону омӯзгорон ироа гардид.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар ҷаласаи мазкур иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилот ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин супоришҳои Вазири муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
Мавсуф иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва иқтисодиву хоҷагидорӣ ноил гардида бошад ҳам, боз корҳои зиёде барои анҷом додан ва расидан ба ҳадафҳои боз ҳам наҳзаррас ҷой дорад. Аҳлиддин Ибодуллозода ҳамзамон иброз дошт, ки мо омӯзгори ояндаро омода менамоем, то фарзандони мову шуморо дар мактабҳои миёна таълим диҳад. Мо бояд донем, ки фарзандони моро чӣ гуна омӯзгор дар оянда таълим медиҳад ё ин ки мо таълиму тақдири фарзандонамонро ба дасти чӣ гуна омӯзгор месупорем.
Илова бар ин дар ҷаласаи ҳисоботӣ ёдрас карда шуд, ки тарбияти дуруст ва таълими назарраси омӯзгор нақш ва ҷойгоҳи омӯзгоронро дар ҷомеа муаррифӣ мекунад, барои ҳамин бояд омӯзгорон барои таълими насли имрӯзи миллат ҳамаи талошҳои худро равона созанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як қатор омӯзгорон барои фаъолияти назаррасу талошҳои созанда дар роҳи илм бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj