• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

Возможно, это изображение 12 человек, люди учатся и столТАҶЛИЛ АЗ ҶАШНВОРАИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН ДАР ФАКУЛТАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
20-уми сентябри 2023 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо ташаббуси кафедраи забонҳои Шарқ таҳти сарпарастии омӯзгорони соҳибзабони кафедра Ҷанг Лей ва Ли Я ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси ҷавонони донишгоҳ Д. Каримов, декани факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Ш. Каримзода, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ С. Ҷаматов, муовинони декан, омӯзгорону донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ҷашнвораи нимаи тирамоҳи Ҷумҳурии Халқии Чин аз парастиши падидаҳои осмонӣ сарчашма гирифта, урфу одатҳои мардумӣ, аз қабили парастиши моҳ, қадри моҳ, хурдани кулчаҳои моҳӣ, тамошои чароғҳо ва ғайраро дар бар мегирад, ки сарваввал дар сулолаи «Қан» маъмул шуда, дар сулолаи «Тан» ба анҷом расидааст.
Ҷашнвораи нимаи тирамоҳ аз моҳтоби гирд ҳамчун рамзи ваҳдати мардум истифода шуда, эҳсоси пазмонӣ аз зодгоҳ ва хешу табор, дуо кардани ҳосили фаровон, хушбахтӣ ва сарватманд шуданро ифода мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши мазкур бо забони чинӣ ба роҳ монда шуда ҷиҳати баланд бардоштани савияи малакаи забондонии донишҷӯён ва шинохти фарҳангу ойини ин мардум муфид мебошад.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj