• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

9 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО

Возможно, это изображение 13 человек и текст Дар таърихи 14-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки 9 нафар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм соҳиб дониста шуда аз ҷониби масъулин қадрдонӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Дӯстова Навруста, омӯзгори факултети иқтисод ва идора сазовори ҷойи дуюм, Ниёзов Дилшод, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ ҷойи дуюм ва Меликов Умедҷон, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуд.
Дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 6 нафар аз ҷумла, Насриддинзода Саидҷон, донишҷӯи факултети физика, Зарипов Муҳаммадзариф, донишҷӯи факултети биология ба ишғоли ҷойи якум, Хурматов Сарвар, донишҷӯи факултети математика ва информатика ва Файзуллоева Марҷона, донишҷӯи факултети химия ҷойи дуюм, Рӯзиматова Парвина, донишҷӯи факултети биология ва Амонов Хуршед, донишҷӯи факултети география сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки озмунҳои мазкур бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат гузаронида шуда, ин тадбири саривақтии Сарвари давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки барои эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод гузошт.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj