• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

СОЗИШНОМА БО ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ АРҚАЛИҚИ ҚАЗОҚИСТОН БАСТА ШУД

Возможно, это изображение ‎2 человека, отдел новостей и ‎текст «‎DALTYNSARIN "INSTITUTE ﹒ س эмирбекулы ержан ректор аркалыкского педагогического института имени и. алтынсарина ибодуллозода ахлиддин ректор таджикского государственного педагогического университета имени C. айни‎»‎‎
Имрӯз, 20-уми октябри соли 2023 байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи ба номи И.Олтинсарини Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Созишномаи ҳамкорӣ миёни ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишкадаи омӯзгории Арқалиқи ба номи И.Олтинсарин профессор Эржан Эмирбекули дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи созишномаи мазкур фарогири рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фарогирии донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои фарогири манфиатҳои ҷонибҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 104 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.
Facebook
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj