• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

СОЗИШНОМА МИЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНЕКИИ ТОШКАНД ВА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БАСТА МЕШАВАД

Возможно, это изображение 7 человек и Овальный кабинет Имрӯз, 20-уми октябри соли 2023 Кушимов Бахтиёр, ректори филиали Донишгоҳи технекии Тошканди ба номи И. Каримови Вилояти Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Турдалиев Авазбек, Ҳайдаров Ҳасан, муовинон ва Мамадалиев Фозилбек, доктори ин муассисаи таълимӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмононро Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом доданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳо ҷиҳати бастани шартнома дар самти табодули омӯзгорону донишҷӯён, шуроҳои илмӣ, навиштани тақризҳои муштарак оид ба дифои рисолаҳои илмӣ, такмили ихтисоси муаллимон дар муассисаҳо, баргузории конференсияҳову симпозиумҳо ва пешниҳод намудани устодони донишгоҳи мо ҳамчун роҳбари илмӣ барои унвонҷӯёну докторантонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар интиҳо тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кӯтоҳтарин муддат созишномаро ба имзо расонанд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj