• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедрахо 54
There are no translations available.






Разоқов Хуршед Соҳибназарович
Мудири кафедра психологияи умумӣ ва педагогӣ
омзади илмҳои педагогӣ

 

 

 

Кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ

Маълумоти мухтасари кафедра

Мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Разоқов Хуршед Соҳибназарович. Кафедраи номбурда аз рузи таъсисёбии факултет якчанд маротиба ивази ном кардааст.

Дар аввал кафедра назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ номгузорӣ шуда, ба он дар баробари 3 ихтисосҳои томактабӣ, инчунин ихтисоси равоншиноси амалӣ дохил мешуданд ва роҳбарии онро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Тураев Ёрмаҳмад Бегматович иҷро мекард. Дар ҳайати кафедра зиёда аз 15 нафар омӯзгорон фаъолият мекарданд, аз ҷумла профессорон, докторони илм Атохонов Р., Маҷидова Б., Юнусова Н., Файзализода Ҷ., Иматова Л. номзадҳои илм Тураев. Ё., Обидова М., Дадобоева М., Қурбонова З., муаллимони калон, Ҳамидов У., Қурбонова Г., Назаров Н., Аҷиков Х., ассистентон Аминов А., Бобиева С., Маҳмадуллоева Ш. ва дигарон. Баъд аз қабули қарори Шурои олимони донишгоҳ оид ба тобеъи факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ гузаронидани ихтисосҳои томактабӣ, кафедра номи психологияи касбиро гирифт, ки ба он номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Дадобоева М.С. мудир таъин гардид.

Минбаъд бо зиёд гардидани ихтисосҳо ва миқдори донишҷӯён кафедраи психологияи касбӣ моҳи августи соли 2018 ба ду кафедра ҷудо карда шуд: психологияи умумӣ ва педагогӣ, психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ. Ҳайати омӯзгорон аз 17 нафар иборат буд. Омӯзгорони кафедраи мазкур аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ –равоншинос низ дарс мегӯянд. Бо баробари таъсисёбии факултети психология ва таҳсилоти фарогир ва кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ дар сохтори он маъмурияти донишгоҳ, декан ва мудири кафедра ба ҷалб намудани устодони собиқадор, дараҷа ва унвониҳои илмӣ, таъмин намудани заминаи илмӣ -методӣ, илмӣ -омӯзгорӣ, дастрасии китобу дастурҳои таълимӣ, таҳияи барномаҳои кори тибқи талаботҳои нақшаҳои таълимӣ, ташкилу баргузории таҷрибаомӯзии донишомӯзон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ таълиму тарбиявӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Доктори илми психологӣ, профессор шодравон Р.Атахонов, докторҳои илми педагогӣ, профессорон Б. Маҷидова, Н.М. Юнусова, номзадҳои илми педагогӣ, дотснетҳо М.И.Обидова, М.С.Дадобоева, Ф.С. Худойдодова барои кор ва ҳамкорӣ, даъват гардиданд. Умуман, дар давоми  солҳои мавҷудияти факултет, дар кафедра бо кӯмак ва дастгирии профессорон Маҷидова Б., Атахонов Р., Юнусова Н., дотсентон Обидова М., Дадобоева М. зиёда аз 10 китоби дарсӣ ва зиёда аз 20 дастури таълимӣ -методӣ чоп шуда маҷмӯаҳои таълимӣ - методӣ, баргузории конфренсияҳо, семинарҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони унвондори кафедра ба рисолаҳои докторӣ ва номзадии олимони ҷавон роҳбарӣ намуда, ба корҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ маводҳои таълимӣ -методии ба донишгоҳ, факултет ва кафедра воридшаванда тақриз ва хулосаҳои илмӣ навиштаанд.

Кафедра моҳи августи соли 2018 таъсис ёфтааст, дар он 15 нафар омӯзгорони ихтисосмандон фаъолият менамоянд. Теъдоди зиёди омӯзгорон ҷавонон мебошанд, ки баъд аз зинаи магистратура ба фаъолият шурӯъ карданд. Соатҳои таълимии кафедра, барои 5 ихтисоси дар факултет амалкунанда, тақсим шудааст: психологияи амалӣ, психологияи умумӣ, психологияи педагогӣ, психологияи иҷтимоӣ, психологияи муносибатҳои оилавӣ. Омӯзгорони кафедраи мазкур аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ –равоншинос низ дарс мегӯянд.

Аз ҳисоби хатмкардаҳои болаёқати магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аминов А., Турсунқулова Б., Рустамова З., Раҳмонова Г., Хайруллоева К. ба ҳайси омӯзгорон ба кор қабул карда шуданд, ки айни ҳол ба корҳои илмӣ -тадқиқотӣ машғуланд ва кӯшиш доранд рисолаҳои илмии худро барои дифоъ омода намоянд. Устоди соҳибтаҷриба Ҷалолова Г. С. рисолаи илмии худро таҳти роҳбарии профессор Маҷидова Б. ва Разоқов Х.С. таҳти роҳбарии д.и.п. Сафаров Ш. А. дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардид.

Натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ -методии устодони кафедра дар конфренсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ то андозае инъикоси худро ёфтанд:

Ҳамасола бахшида ба ҷашнҳо аз ҷумла рӯзи касбии психологон ( 10 октябр ), омӯзгорон (якшанбеи моҳи аввали октябр), рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Президент ва Парчами миллӣ (16 ноябр) бо иштироки омӯзгорони фанни ҳуқуқ, донишҷӯёну омӯзгорон мизи мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ -маърифати баргузор мешаванд, ки мақсади онҳо ташаккулдиҳии ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳисси ватандустию хештаншиносӣ дар донишҷуён мебошад.

Семинарҳои илмии назди кафедра ба мустаҳкаму васеъгардонии донишҳои илмӣ -назариявии донишҷӯёни хатмкунанда ва омӯзгорон доир ба соҳаҳои гуногуни илми психология, масъалаҳои мубрами ёрии психологӣ -ислоҳӣ ба кӯдакони синнусоли гуногун бахшида шудаанд. Устодон Маҷидова Б., Тураев Ё. Солеҳзода М., Разоқов Х., Аминов А., Рустамова З., Маҳмудов Ш., Раҳмонова Г., ва дигарон, дар тренинг ва семинарҳои омӯзишӣ иштирок намуда, бо таҷрибаи табибони бемории рӯҳӣ (психиатрҳо), асабшиносон (неврологҳо), табибони оилавӣ, психологҳо шинос шуда, таҷрибаву донишҳои худро дар таъмини тайёрии касбии мутахассисони соҳаи психология истифода бурда истодаанд.

Фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ҳамчун шаклҳои арзишманди кор оид ба ҷалб намудани донишҷуён ба корҳои илмӣ-таълимӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ва мувофиқ ба самти фаъолияти таҳқиқотии кафедра ва таъмин намудани тайёрии касбии онҳо истифода бурда мешавад. Тибқи талаботи низомномавӣ ҳамасола дар оғози соли хониш нақшаи фаъолияти маҳфили “Психологони ҷавон” аз тарафи маъсулин таҳия ва мутасаддиён тасдиқ карда шуда, дар охири соли хониш таҳлилу ҷамъбаст ва баҳодиҳӣ карда мешавад.

Устодону магистрҳои кафедра ва донишҷӯён дар конфренсияи анъанавии умумидонишгоҳӣ бо маърӯзаю гузоришҳои назариявию амалӣ баромад карда, дониш ва маҳорату малакаи таҳқиқотии худро такмил медиҳад.

Ташкили дуруст ва самарабахши таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгории донишҷуён омилҳои муҳими таъмини тайёрии касбии мутахассисон аст. Донишҷӯён-таҷрибаомӯзон ҳамасола дар рафти таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгорӣ дар ин муассисаҳои такягоҳӣ аз донишҳои назариявии худ истифода бурда, раванди таълиму тарбияро бо баргузории сӯҳбату машғулиятҳои фардӣ ҷоннок мегардонанд.

Натиҷагирӣ аз таҷрибаомӯзии донишҷӯён нишон медиҳанд, ки на танҳо хонандагон, инчунин волидайн низ ба масъалаҳои шаклгирии характер, баргузории муошират, пешгирии ҳолатҳои номатлуби руҳию равонӣ, низоъҳо дар хонаводаю муассисаи таҳсилотӣ ташаккулдиҳии сифати донишҳои психологӣ ва таъмини муҳити солими маънавӣ кӯшиш менамоянд.

Ҳодисаю воқеа ва омилҳои муосири тез таъсиркунанда, ба руҳу ҷисми инсон зарурияти тайёр намудани психологонро барои муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаю ташкилотҳо ва оилаву кулли аъзоёни ҷомеа ба миён овардааст. Аъзоёни кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ кӯшиш доранд, мутахассисонеро ба кору фаъолияти касбӣ омода намоянд, ки дар таъмини солимии равонию маънавии ҳар як шахс, гурӯҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ҳиссагузор бошанд.

Дар назди кафедра аз рӯи ихтисосҳои равоншиноси амалӣ, психологияи умумӣ ва психологияи педагогӣ мутахассисон омода карда мешаванд, ки метавонанд дар муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаю ташкилотҳо иҷрои вазифа намоянд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

  1. Разоқов Х. С.- н.и.п.
  2. Тураев Ё. Б.-н.п., дотсент.
  3. Ҷалолова Г. -н.и.п., муаллими калон.
  4. Атоева Л. - муаллими калон.
  5. Аминов А. - муаллими калон.
  6. Рустамова З. - муаллими калон.
  7. Муҳиддинова Ш. ассистент.
  8. Раҳмонова Г. - ассистент.
  9. Маҳмудов Ш. - ассистент.
  10. Хайруллоева К.- ассистент.
  11. Ахмедова Ф.- лобарант ва ассистент

Ҳамкорон:

  1. Маҷидова Б.-д.и.п., профессор.
  2. Иматзода Л.- д.и.п., профессор.
    1. Солеҳзода М. С.- н.и.п., дотсент.
    2. Саидов Н.-н.и.п.,и.в. дотсент.
    3. Ҳасанов Х.- ассистент.
    4. Дадоҷонова Г.- ассистент.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj