• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қоидаҳои қабули донишҷуён

ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ дар соли таҳсили 2012-2013

I. Муқаррароти умумӣ

Қоидаҳои қабули донишҷуён ба  Донишгоҳ ҳамасола  дар асоси моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 26 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

Ба Донишгоҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Ба гурӯҳҳои шартномавии Донишгоҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатхои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарарзишии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро доранд, қабул мешаванд.

Ба курси якум шахсоне, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд гардидааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, қабул мешаванд.

Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси 2-юми шӯъбаи рӯзона ва  ё ба курси  3-юми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ тариқи сӯҳбат ба ҷойҳои буҷавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос ҷудошуда қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва кор кардан дар истеҳсолот, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси 2-юми шӯъбаи рӯзона ва ё ба курси 3-юми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ва озмун ба ҷойҳои буҷавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос ҷудошуда  қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд ва зиёда аз даҳ сол собиқаи кори омӯзгорӣ доранд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси дуюми шӯъбаи ғоибонаи    Донишгоҳ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат, бе озмун ба ҷойҳои буҷавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос ҷудошуда, қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд ва зиёда аз бист сол собиқаи кори омузгорӣ доранд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси сеюми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат бе озмун ба ҷойҳои буҷавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос алоҳида ҷудошуда қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии коллеҷҳои соҳавиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба гурӯҳҳои шартномавии курси 3-юми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи натиҷахои аттестатсия ва озмун ба ҷойҳои шартномавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос ҷудошуда қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки гурӯҳҳои шартномаии коллеҷҳои соҳавиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба гурӯҳҳои шартномавии курси 2-юми шӯъбаи рӯзона ва ё курси 3-юми шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи натиҷахои аттестатсия ва озмун ба ҷойҳои шартномавии дар нақшаи қабул барои чунин ашхос ҷудошуда, қабул карда мешаванд.

Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед...

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru