• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

РЕКТОР: АГАР РИСОЛАТАМОН ОМӮЗГОРИСТ, ЧАРО БАҲРИ БЕҲТАРСОЗИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ НАМЕКӮШЕМ?!
Возможно, это изображение 3 человека и помостНисфирӯзии имрӯз, 24 октябр ҷаласаи васеъи ректори донишгоҳ бо ҳайати профессорон, деканон ва мудирони кафедраҳову методистони шуъбаҳои ғоибона, муовинони деканҳо ва омӯзгорони Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид.
Дар он маҷмуи масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим, баргузор намудани дарсҳои кушод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори Донишгоҳ аз дарсшикании омӯзгорон, ширкат накардани баъзе устодон дар хонишҳои сиёсӣ, нагузоштани изи ангушт изҳори ташвиш намуда, устодонро ба риояи мунтазами интизоми меҳнат даъват намуд. Таъкид шуд, ки маориф самти муҳим ва афзалиятноки давлату ҳукумат маҳсуб мегардад ва тарбияи насли наврас аз омӯзгор вобаста аст. Омӯзгорон бояд дар таълифи мақолаҳои илмӣ, баргузории дарсҳои тарбиявӣ, ширкат дар корҳои ҷамъиятӣ, омӯзишу парвариш дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас пешгом бошанд. Шахсоне, ки вазифи хизматии худро аз рӯи виҷдон адо карда наметавонанд, набояд дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд. Ба бархе аз деканон ва мудирони кафедраҳо барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд.
Дар ҷаласа омилҳои баланд бардоштани сифати таълим, таълифи дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, навиштани мақолаҳои илмиву оммавӣ ва риояи интизоми меҳнат масъалаҳои меҳварӣ буда, таъкид шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ барои баланд бардоштани музди меҳнат тадбир меандешад. Шахсоне, ки дастовардҳои назаррас доранд, минбаъд ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани савияи таълиму тарбия баррасӣ гаврдиданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj