• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ДОНИШҶӮЁНУ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 6 человек, отдел новостей и помостНимаи дуюми рӯзи 26-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҶТ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, кормандони ин ниҳод, Ҳусейнов Комрон сардори шӯъбаи ҷавонону ноболиғони н. Исмоили Сомонӣ,роҳбари гурӯҳи ҷавонон Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳанон Саидов ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии судманд доир гардид.
Вохӯрии мазкурро Сулаймонов Искандар оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда иброз доштанд, ки вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, донишомӯзиву хониши намунавӣ, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ суханронӣ намуда, ҷавононро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ имрӯз роҳбарияти донишгоҳ корҳои судмандро дар пайрави аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намудааст. Сипас риштаи суханро ба Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода вогузор намуданд, ки дар баромади хеш аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тарақиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуд.
Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад. Ҳар як ҷавонро мебояд ба суханони созандаи Пешвои муаззами миллат такя намуда, ҳар як нуктаи онро сармашқи кори худ қарор диҳад.
Илова бар ин аз донишҷӯён талаб карда шуд, ки дар доираи низомномаи Донишгоҳ ва қонунҳои амалкунанда рафтор намуда, аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳангоми ба дарс омадан эхуддорӣ намоянд.
Дар идома Бухоризода Мансур қайд намуд, ки ҷавононро мебояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, фарҳанги дуруст истифода намудани онро дониста, вақти пурқиммати худро беҳуда сарф накунанд.
Сипас донишҷӯён саволҳо пешниҳод карда аз ҷониби меҳмонон ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Дар интиҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм гузоштаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтихорномаю раҳматномаҳо тақдим карда шуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj