• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН БА ИМЗО РАСИД
Возможно, это изображение 3 человека и текст «таджикским международном университетом иностранных языков имени сотима улугзода PT и синьцзянским педагогическим университетом KHP государственнь педагогическим университетом садриддина синьцзянск педагогиче университе»2-юми ноябри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин (НМСӮ) иштирок намуда.
Дар форуми мазкур байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи муқаррароти созишномаи мазкур табодули академии донишҷӯён, курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳқиқоти илмии муштараки олимону муҳаққиқони ҷонибҳо, инчунин чорабиниҳои илмии мушатарак ва даъвати профессорону омӯзгорон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.
Созишномаҳои имзошударо ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзян Вуманжан Айли ба ҳамдигар тақдим намуда, баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj