• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР МАВЗУИ НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстИмрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии кишвар» баргузор гардид.
Дар щамоиши илмӣ оид ба моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва хидматҳои таърихии Пешвои миллат ибрози назар шуда,
ҳамзамон зикр шуд. ки ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони соҳибистиқлол атои таърих буд. Зеро дар баробари барқарории сулҳу таҳкими амният бо азму иродаи қотеи Президент дар соири соҳаҳо навгониву дигаргуниҳои назаррас рӯйи кор омад, ки кишвари моро ба сӯйи пешрафт такони ҷиддӣ бахшид. Ин чеҳраи таърихӣ бо хислатҳои волои худ ба дили мардум ҷо ёфт, бо ҳамдастии мардум ва дастгирии ҷомеа дар ҳалли мушкилоти пешорӯи худ комгар шуд ва дар ҷодаи сиёсат чун фарди муҳими дорои хислатҳои воло эътироф гардид. Аз ҷониби дигар, роҳандозии тарзи идораи президентӣ барои кишвари мо дар амри амалӣ намудани хостаҳои мардум созгор омад, ки ин яке аз иқдомҳои шоёни Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс оид ба мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллдат Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории ҷомеаи ротсионалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рисолати таҳаммулпазирии Пешвои миллдат», «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузории миллӣ», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонӣ ва пойдории сиёсати давлатии ҷавонон ва демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва ташаккули худшиносии миллӣ», «Арзишҳои миллӣ ва башарӣ дар асарҳои Пешвои миллат ва нақши онҳо дар омода кардани мутахассисони навгарои Тоҷикистон» табодули афкори судманд сурат гирифт.
Конфронс дар панҷ бахш кори худро идома дода, 75 маърӯзаи илмиро фарогир буд. Фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол дар меҳвари маърузаҳо қарор дошт.
Хотиррасон менамоем, ки дар ин ҳамоиши илмӣ олимони варзида ва намояндагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва мақомоти интизомӣ ширкат намуданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj