• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ СММ БАРРАСӢ ШУД
Возможно, это изображение 4 человека15-уми ноябри соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Елизавета Алексеева, намояндаи Созмони миллали муттаҳид оид ба экология ва ҳифзи муҳити зистро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба омӯзиши фанҳои экология ва ҳифзи муҳити зист андешаронӣ намуда оид ба дастовардҳо ва рушди ин самт гуфтушунид анҷом доданд.
Бояд зикр кард, ки Елизавета Алексеева аз дастовардҳои илмиву таълимии ихтисосҳои марбути факултетҳои география, биология ва химия ибрози хушнудӣ намуда зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои нақшофар дар омӯзиши соҳа маҳсуб меёбад.
Дар охир меҳмони донишгоҳ аз синфхона ва лабараторияҳои факултетҳои география, биология ва химия боздид ба амал оварданд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj