• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ
Возможно, это изображение 4 человека16-уми ноябри соли 2023 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳагӣ, таҳти унвони «Иҷлосияи сарнавиштсози миллат» баргузор намуд, ки дар он декани факултет н.и.ҳ., дотсент Назарзода Д.Қ, мудири кафедраи мазкур, н.и.т., дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С.Х. ва як зумра устодон аз ҷумла дотсентон: Роҳатов Ғ., Ганҷакова М., Ҷонмуродов Ш ва омӯзгорон Ёров М.Ҳ., Маҳмудов Д.Х., Қодирзода Х.С., Маҳинози Акбарӣ., Исломов Ф. ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Маҳфилро бо сухани муқадимавӣ декани факултет н.и.ҳ., дотсент Назарзода Д.Қ ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки дар чунин давраи ҳассосу мураккаби сиѐсӣ неруҳои хайрхоҳ ва ватандӯст дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)˗ро баргузор намуданд. Дар Иҷлосия муайян намудани ояндаи давлату миллат ва таъмини амнияту оромии мамлакат аз муҳимтарин масъалаҳое буданд, ки дар назди вакилони халқ меистоданд.
Дар кори маҳфил дотсенти кафедра Роҳатов Ғ. дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ–рамзи ифтихори миллӣ», н.и.т., дотсент Ганҷакова М. Дар мавзуи «Инъикоси таърихи фарҳанги халқи тоҷик дар асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», ҳамчунин дар кори маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси таърих Неъматзода Шаҳбоз дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини тоҷик» баромад намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj