• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ДОНИШҶӮЁНИ АЪЛОХОНИ ДОНИШГОҲ АЗ СОЛИ ОЯНДА БА ФАРОНСА РАВОН КАРДА МЕШАВАНД
Возможно, это изображение 4 человека и отдел новостей16-уми ноябри соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони сафорати Фаронса аз ҷумла, Серж Беллинӣ - атташеи минтақавӣ оид ба масъалаи маориф ва Жули Оффре-Карю-атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба мушкилот ва дурнамои омӯзиши забони фаронсавиро баррасӣ намуда, ба роҳ мондани лоиҳа оид ба омӯзиши забон ва адабиёти Фаронса, бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисон ва
ҳамзамон роҷеъ ба чанде аз масъалаҳои дигар ибрози андеша намуданд.
Қобили хушнудист, ки тарафҳо омодагии хешро оид ба зиёд намудани сафи донишҷӯён дар зинаҳои таҳсилоти магистратура ва доктор аз рӯи ихтисос Ph.D. иброз намуда, омодаи ҳамкориҳои зич дар ин самтро зикр намуданд.
Ҳамзамон Серж Беллинӣ - атташеи минтақавӣ оид ба масъалаи маориф пешниҳод намуд, ки шуруъ аз соли оянда донишҷӯёни аълохонро аз ҳисоби грантҳои омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Фаронса дар зинаҳои гуногуни таҳсилот аз қабили табодули академии донишҷӯёни зинаҳои бакалавриат, магистратура ва ҳамчунин ба роҳ мондани курсҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни аълохон ба муҳлати шаш моҳ пас аз хатми донишгоҳ ба роҳ мемонем.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj