• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ПАРЧАМ НАМОДИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ
Возможно, это изображение 13 человек23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Донишшгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Рудобаи Мукаррам – раиси Кумитаииҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Салимзода Шерхон – аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини аввал, Айнуллозода Наҳтулло – муовини ректор оид ба таълим, Назарзода Нигора – муовини ректор оид ба тарбия дар мавзӯи «Парчам намоди Ваҳдати миллист» бо омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон” вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Назарзода Нигора – муовини ректор оид ба тарбия оғоз гардида меҳмононро ба макони илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ баргузории вохӯрии мазкурро, вобаста ба санаи муҳимми таърихӣ – сию якумин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил мегардад, хеле муҳим арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.
Сипас, Айнуллозода Наҳтулло – муовини ректор оид ба таълим табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддинро ба ҳозирин ироа намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи мо вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, дар хусуси арзишу ифтихорот ва муқаддасоти миллию давлатӣ ва нақши онҳо дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ сухан ронд. Таъкид карда шуд, ки мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд. Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем. Рудобаи Мукаррам қайд кард, ки арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ яке аз шартҳои муҳимми пойдории соҳибистиқлолии давлат ва ваҳдату ҳамбастагии миллат ба шумор рафта, эҳтиром ба забон, фарҳанг, рамзҳои давлатӣ ва дигар муқаддасот қарз ва рисолати ҳар як соҳибватан маҳсуб меёбад.
Салимзода Шерхон – аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар суханронии худ оид ба арзишу муқаддасоти миллӣ ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки истилоҳи Парчам ҳамчун рамзи худшиносӣ, худогоӽӣ, ягонагӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ таърихи беш аз 3000 сола дошта, аӽмияту моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ, истиқлолият ва ғайра аст. Парчами даврони соӽибистиқлолии ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормонҳои ӽамаи мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошт. Дар тамоми кишварҳои олам аз тарафи шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти ватан ба ҷо оварда мешавад. Дар Тоҷикистони азизи мо, ки кулли шаҳрвандонаш бо фарҳангу бо маърифатанд, ба рамзҳои давлатӣ, хоса Парчами миллат, эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Мо бо Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ даъват менамояд, ба мо руҳи озодихоҳӣ мебахшад, ба ҳифзи тамомияти арзишҳои кишвар ҳидоят мекунад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ӽамаи моро зарур аст, ки зери парчами парафшони ватан боз ӽам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.
Дар фарҷом, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Ибодуллозода Аҳлиддин ректори донишгоҳ Сипоснома ва ҷилдҳои китобҳои “Ваҳдат, Давлат, Президент” тақдим гардид ва аз ҷониби дастаи “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ баҳри болидарӯҳии ҳозирин баргузор гардид, ки пур аз сурудҳои ватандӯстонаро дарбар мегирифт.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj