• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ЗИНДАГӢ БАРОИ ИБРАТ
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текстИмрўз, 24 ноябр дар толори фарҳангии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба ифтихори Рўзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо олими забоншинос ва шоири ширинбаён, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Наврўз Гулзода баргузор гардид.
Баъди садо додани Суруди миллии Тоҷикистон маҳфилро декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филология, дотсент Абдумаҷид Қурбонов ифтитоҳ бахшида, сараввал роҷеъ ба моҳияти Рўзи
Парчами давлатииТоҷикистон сухан карда афзуд, ки чун кишвари маҳбубу арҷманди мо - Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар радифи масоили дигар зарурияти таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят, «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ – Парчами давлатӣ гардид, ки ҳамасола онро дар ҳамин рўз ҷашн мегирем.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод иброз дошт, ки барои ман мояи ифтихор аст, ки дар ин рўзи барои ҳамаи мо муқаддас-Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо шахсеро муаррифӣ менамоям, ки ҳам дар ҷодаи таълиму тарбия ва ҳам дар ҷодаи шеър мақоми шоиста касб кардааст. Наврўз Гулзодаро шогирдонаш сидқан дўст медоранд ва худи устод низ нисбат ба шогирдонаш муҳаббати беандоза дошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, пайваста маслиҳатҳои муфид медиҳад. Осори Гулзода саршори мавзуъҳои худогоҳиву меҳанпарастӣ буда, зиндагонӣ ва осори ў намунаи ибрат барои насли ҷавон аст,- иброз дошт Д.Сангинзод.
Сипас, Наврўз Гулзода бо қироати ашъори ҷаззобу дилнишин қалби ҳозиринро ба шуру шавқ оварда, ба суолҳои аҳли нишаст посух дод.
Хотиррасон мекунем, ки номбурда аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи маҷмуаҳои шеърии «Ҳисори сухан», «Дар ҷавоби дил», «Кокули оташ», «Шуълаи меҳр» ва баёзҳои «Ганҷинаи адаб», «Биё соқӣ» мебошад.
Маҳфили «Хирадманд» тасмим гирифтааст, ки дар баробари олимону донишмандон ва адибон минбаъд чеҳраҳои саршиноси донишгоҳро низ муаррифӣ намояд. Ин иқдом аз ҷониби ҳозирин самимӣ ва гарм пазируфта шуд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj