• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

БОЗДИДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ВА КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ НОҲИЯ ВОСЕЪ
Возможно, это изображение 9 человекНисфирӯзии имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳ ва раиси ноҳия Восеъ дар остонаи Соли нави мелодӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ"-и ноҳия аз "Мактаб-интернати кӯдакони болаёқат"-и ҳамин ноҳия дидан намуда, бо шароити хониш ва зисту зиндагии онҳо
шинос шуданд.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо кӯдакони ин муассиса изҳор дошт, ки ятимону бепарасторон ва кӯдакони имконияти маҳдуддошта ҳамеша таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории бештар зоҳир мешавад.
Ҳангоми ташриф ва боздид аз ин Мактаб-интернати кӯдакони болаёқат маводҳои ғизоӣ аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, биринҷ, равған, тухм, орду шакар, сабзавотҳо, мевагиҳо, нӯшокиҳо, гӯшт, анвои шириниҳо, нӯшокиҳои ранга, печениҳо, нон, собун ва хамираи дандоншӯиву маводҳои дорувории ниёзи аввалияи барои кӯдакон ва лавозимоти варзишӣ, тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки зимни ташриф ба кӯдакони Мактаб-интернат инчунин хони идона ороста шуда, ҳамагӣ бо таъоми яквақтаинаи ғизоӣ меҳмондорӣ карда шуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj