• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҶОИЗАИ БЕҲТАРИН ДОНИШГОҲИ НАВОВАР ВА ПЕШРАФТАИ СОЛИ 2023
Возможно, это изображение 2 человека, помост и текстМуассисаи “London School of Digital Business” ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба “Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)" сазовор донист.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ бо дарсҳои видеоии фанҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намояд, зеро имрӯзҳо дастрас гардидани маводҳои таълимӣ барои ҳамагон новобаста аз сатҳи зиндагӣ муҳим мебошад.
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кушиш ба харҷ дода истодааст, ки дар самти маориф ва илм алалхусус барои баланд бардоштани савияи дониши насли наврас иқдомҳои муосир, рақамикунонии маориф, таҳсил ва тарбия бо диди инноватсиониро ба роҳ монад.
Ин аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ аввалин шуда дарсҳои видеоиро байни муассисаҳои кишвар ба роҳ монда, бо ин роҳ мавзуъҳои илмиро на фақат дастраси донишҷӯёну олимон балкӣ, дастрасӣ ҳамаи хоҳишмандону алоқамандон гардонидааст.
Аз тарафи омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ имрӯз зиёда аз 1200 дарсҳои видеоии илмӣ бо забонҳои гуногун аз қабили тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайраҳо, ки фарогири зиёда аз 1000 фанҳои гуногуни омӯзишшавандаи донишгоҳ мебошанд пешкаши ҳамагон гардонида шудааст.
Таҷрибаи рақамикунонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ буд, ки аз тарафи муассисаҳои хориҷи кишвар аз қабили Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии халқии Чин ва Британияи Кабир баҳои баланд дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо аз тарафи ректори муассиса барои боз ҳам хубтару беҳтар ва босифат ба роҳ мондани дарсҳои видеоӣ шароити мусоид ва ҳавасмандгардониҳои саривақтӣ пешбинӣ гардонида шудааст. Ба он устодону олимоне, ки дарсҳои видеоии худро сари вақт ва бо баёни мавзуъҳои мубрам ба охир мерасонанд, ҳавасмандгардонӣ ба маблағи 1000 сомонӣ муайян карда шуда, то имрӯз зиёда аз 32 муаллифони дасрҳои видеоӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj