• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст25 декабри соли 2023 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳайати профессору устодон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳо дар ҳузури намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар раванди ҳисобот доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм, иқтисоду хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар соли 2024 ба масъулин вазифадор гардиданд.
Дар фарҷом як қатор устодоне, ки рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Дар ҷараёни ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд нафар устодони донишгоҳ ба музокира баромада, фаъолияти муассисаро қаноатбахш ва беҳтар дар муқоиса ба солҳои пешин арзёбӣ намуданд.
Дар ниҳояти ҷаласа ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин қайд кард, ки дар соли 2024 ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои баландтар бояд дучанд заҳмат ба харҷ диҳанд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj