• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
БАРРАСИИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 8 человек, Овальный кабинет и текстРӯзи 4- уми январи соли равон дар толори Шурои олимон ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ- методии донишгоҳ баргузор гардид.Саравал раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод роҷеъ ба фаъолият ва вазифаҳои Шуро дар соли нави 2024 ибрози назар карда таъкид намуд, ки барои дар сатҳи баланд гузарнидани ҷаласаҳо бояд гурӯҳҳои корӣ ба таври ҷиддӣ фаъолият намуда, гузоришҳои дорои факту рақамҳои мушаххас ва дорои хусусияти таҳлилиро пешниҳод намоянд.
Дар мавриди иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди
фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Фаридун Кенҷаев гузориш дод. Таъкид шуд, ки дар шаш факултети дорои равияи табиӣ-риёзӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар давраи ҳисоботӣ 126 китоб, 17 монография, 143 мақола, аз ҷумла 79 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр гардидааст. Роҷеъ ба ин мавзуъ факултетҳои мазкур соҳиби 15 патент гардида, озмоишгоҳҳо бо асбобҳои аёнӣ таъмин шудаанд.
Оид ба “Вазъи муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои равияҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, нашри китобҳои дарсӣ, адабиёти соҳавӣ ва мавҷудияти барномаҳои таълимӣ” роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи физикаи умумӣ Сафаралӣ Сиёҳаков ҳисоботи муфассал дод. Ҳисобот бо таҳлили ҳамаҷониба бурду бохти озмоишгоҳҳои равияи табиӣ ва риёзиро фарогир буд. Зикр шуд, ки дар аксари факултетҳо ҳанӯз набудани китобҳои дарсӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷониби Вазири маориф ва илми Тоҷикистон як лабораторияи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ба факултети биология тақдим шуд, ки барои баргузории дарсҳои амалӣ ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.
Дар мавриди “Иҷрои корҳои таълимиву методӣ, мавҷудияти барнома, силлабусҳо ва таъмини адабиёти таълимӣ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисоси PhD” профессор Абдушукур Ѓаффоров ва дар хусуси “Баррасии раванди таълифи рисолаҳои илмӣ (унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисоси PhD)” роҳбари гурӯҳи корӣ Саида Зайдуллозода ҳисобот дода, пешниҳодҳои судманд ироа доштанд.
Дар маълумотномаи мудири Шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ Раҷаб Ҳакимов аз вазъи номусоиди дарсҳои баъзе омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ интиқод шуда, ба талаботи дарси муосир ҷавобгӯ набудани онҳо таъкид шуд. Дар ин маврид қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳамчунин аз 24 китобу дастур ва васоити таълимии пешниҳодгардида, 22 адади онҳо ба нашр тавсия шуд. Дар хотима раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия маслиҳатҳои судманд дод.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj