• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

МИЁНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИРМИЗ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Возможно, это изображение 2 человека и текст «TOg тошкулов абду кодир хамидович ректор донишгохи давлатии термез ибодуллозода ахлиддин ибодулло ректор донишгохи давлатии омузгории точикистон ба номи айнй»Имрӯз, 30-юми январи соли равон байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Тирмиз (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳум аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз профессор Тошқулов Абдуқодир Ҳамидович дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо зимни имзои ёддошти тафоҳум доир ба масъалаҳои дар созишномаи ҳамкорӣ дарҷгардида, ҷиҳати баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯён ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда ризоият баён карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 110 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj