• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР, ДЕМОКРАТӢ, ҲУҚУҚБУНЁД, ДУНЯВӢ, ЯГОНА ВА ИҶТИМОӢ БУДАНИ ТОҶИКИСТОН (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар асоси моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Барои пурра дарк намудани моддаи мазкур зарурати шарҳи мафҳумҳои давлат, давлати соҳибихтиёр, давлати демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, давлати дунявӣ, давлати ягона ва давлати иҷтимоӣ пеш меояд.
I. ДАВЛАТ. Ба андешаи профессорон Маҳмудзода М.А. ва Раҳимзода М.З. давлат ташкилоти ҳокимияти сиёсии ҷамъият мебошад, дорои дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ буда, салоҳияти худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд.
Давлат дорои нишонаҳои зерин мебошад:
1. Ҳокимияти оммавӣ (давлатӣ). Ҳокимиятро барои он оммавӣ меноманд, ки вай бо ҷамъият як (мутобиқ) набуда, балки аз номи он, яъне аз номи тамоми халқ фаъолият мекунад.  Ҳокимияти оммавӣ дар симои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин, шахсони мансабдори давлатӣ таҷассум ёфта, ба ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад ва ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи чунин навъи ҳокимият мебошад. Ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомот ва шахсони мансабдор идоракунии ҷомеаро ба роҳ монда, ба ҳамин тартиб аз ҷамъият ҷудо мешавад ва аз он боло меистад. Давлат якҷоя бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ дастгоҳи махсуси маҷбуркуниро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, судҳо, прокурорҳо, артиш, милиса, мақомоти амният ва ғайраҳо ба сифати чунин мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.
2. Ташкили ҷойгиршавии аҳолӣ дар ҳудуди муайян ва амалӣ намудани ҳокимияти оммавӣ дар доираи он ҳудуд. Давлат дорои ҳудуди муайяне мебошад, ки дар он ҳудуд соҳибихтиёрии давлат ифода меёбад. Аҳолие, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунад, шаҳрвандони он давлат ба ҳисоб меравад. Фарки давлат аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ (иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра) дар он аст, ки давлат ифодакунандаи манфиати ҳамаи аҳолии мамлакат буда, ҳокимияти худро нисбат ба ҳамаи онҳо баробар татбиқ менамояд, вале ташкилотҳои ғайридавлатӣ ихтиёран ташкил ёфта, фақат як қисми аҳолиро дар ҳайати худ муттаҳид месозанд.
3. Соҳибихтиёрӣ нишонаи сеюми давлат мебошад. Соҳибихтиёрӣ дар волоият, мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Волоияти ҳокимияти давлатӣ маънои ба ҳама умумӣ будани ҳокимият, бартарии он ва дорои қудрати маҷбуркунӣ доштани ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ чунин маънӣ дорад, ки давлат дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳуқуқи ба таври мутлақ ва озодона ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳоро дорад.
4. Алоқамандии мустақими давлат ва ҳуқуқ. Давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳуқуқ, давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо ҳамин роҳ онро қонунӣ (расмӣ) мегардонад. Давлат вазифаҳои худро ба шакли ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқ фаъолияти давлат ва ҳокимияти давлатиро дар доираи қонуният мушаххас намуда, тобеияти онҳоро ба низоми ҳуқуқии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна ҳолати тобеияти давлатӣ ба ҳуқуқ давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил меёбад (Маҳмудзода М. А., Раҳимзода М.З. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ барои синфи 8-ум. – Душанбе, Маориф, 2017).
II. ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР. Соҳибихтиёрии давлат одатан бо нишонаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян карда шуда, мустақилияти ҳокимияти давлатӣ танҳо бо арсаи байналмилалӣ маҳдуд карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, Шарофзода Р.Ш. мафҳуми соҳибихтиёрии давлатро бо ду хусусияти муҳимми ҳокимияти давлатӣ – волоият ва мустақилияти ҳокимият муайян намуда, таъкид мекунад, ки волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили кишвар, мустақилияти ҳокимият бошад, дар дохил ва хориҷи кишвар зоҳир мешавад (Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ва ҳуқуқ.-Душанбе, 2018. – С. 141).
Давлат дар ҳолатҳои зерин чун давлати соҳибихтиёр шинохта мешавад:
1. Парламент дар хусуси соҳибихтиёрӣ ҳуҷҷатҳои заруриро, аз қабили Изҳорот, Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дигар санадҳои таъсисиро қабул мекунад. Санаи 24 – уми августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶТ, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи истиқлолияти ҶШСТ-ро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд. Санаи 31 – уми августи соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба номи ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуд. Он эълон кард, ки ҶШСТ минбаъд ҶТ номида шавад. Санаи 4 – уми сентябри ҳамон сол пленуми кумитаи марказии ин ҳизб истиқлолияти давлатии ҶТ-ро тавсия намуд ва санаи 9 – уми сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин иҷлосия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶТ якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабулкардааш ба Конститутсияи амалкунандаи ҶТ баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳонӣ боз як давлати нави мустақил бо номи ҶТ пайдо шуд. ҶТ ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони шӯравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин робитаҳо барояшон оқибатҳои бадро меорад.
2. Шаҳрвандони давлат расмӣ будани ҳокимияти давлатиро зимни қабули Конститутсия ё қонуни дигари конститутсионӣ дар раъйпурсии умумихалқӣ ё бо истифода аз шаклҳои дигари демократияи бевосита эътироф кунад. Ҳокимияти давлатии ҶТ тибқи Конститутсияи ҶТ расмӣ карда шуд, ки ин Конститутсия аз тарафи халқи ҶТ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Дар м. 6-и Конститутсияи ҶТ омадааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
3. Расми будани ҳокимияти давлатиро ҷомеаи ҷаҳонӣ (давлатҳо, созмонҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ) эътироф кунанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аллакай санаи 2 - юми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид. Албатта ҶТ-ро давлатҳо, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ чун давлати соҳибихтиёр эътироф намудаанд. Бинобар ҳамин, ҳудуди Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол тақсимнашаванда ва дахлнопазир буда, ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад ҳокимияти давлатиро ғасб намояд [Шарифзода С.Ш. Инкишофи мафҳуми "Соҳибихтиёрии давлат" тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ ва таърихӣ – ҳуқуқӣ// Ҳаёти ҳуқуқӣ. 2022. № 2 (38). - С. 33-43].
Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад, узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ба беш аз 250 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
III. ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ. Давлати демократӣ - давлатест, ки сохтор ва фаъолияташ ба иродаи мардум, ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон ва шаҳрванд мувофиқат мекунад. Давлати демократӣ муҳимтарин унсури демократия дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба озодии мардум асос ёфтааст. Сарчашмаи ҳоқимият ва қонунияти ҳамаи мақомот ин давлат сохибихтиёрии халқ аст.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд (моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Аз ҷумлаи хусусиятҳои асосии демократия инҳо ҳастанд:
- гуногунии идеологӣ ва гуногунандешии афкор;
- интихоботи озод;
- тақсимоти ваколатҳо;
- низоми бисёрҳизбӣ;
- халқ манбаи ҳокимият (хоқимияти халқ);
- мустақилияти ВАО;
- ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон васеъ ва кафолат дода мешавад;
- аз рӯи иродаи аксарият, вале бо назардошти ҳуқуқи ақаллият қабули қарорҳои сиёсӣ ва идоракунӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, қисми муҳими низоми сиёсии Тоҷикистонро ташкил менамояд:
1. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон.
2. Ҳизби Демократии Тоҷикистон.
3. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.
4. Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон.
5. Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон.
6. Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон.
7. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ 1826 фаъолият мекунанд. Шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба беш аз 631 номгӯ расидааст, ки аз ин миқдор 376 рӯзнома - 112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ -1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ. Айни замон дар кишвари мо 91 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, аз ин ҳисоб 9 телевизион ва 10 адад радио давлатӣ, 31 телевизион ва 20 радио ғайридавлатӣ мебошад.
IV. ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД. Давлати ҳуқуқбунёд, давлате, ки дар он ҳокимият бо қонун маҳдуд аст, дар шаклҳои ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Дар назарияи ҳуқуқии муосир шаклҳои асосии ҳуқуқ бештар одатҳои ҳуқуқӣ, санади ҳуқуқӣ, амсоли судӣ ва шартномаи ҳуқуқиро дар бар мегиранд.
Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд:
1. Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун. Дар тӯли инкишофи ҷомеа инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷомеа ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд, зеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат Дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае, ки қонун иҷозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз рӯйи принсипи "он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост", ба амал бароварда мешавад, вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи қоидаҳои ахлоқ ва расму анъанаҳои миллӣ мебошад, иҷозат дода мешавад. Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад. Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.
2. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Таърихи башар - таърихи муборизаи инсон барои ноил шудан ба ҳуқуқ ва озодиҳое мебошад, ки аз азал ва табиатан ба ӯ тааллуқ доранд. Тавре ки дар моддаи якуми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: "Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд". Мувофиқи моддаи сеюми ҳамин санад "ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад". Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия). Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд ба худи ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гуна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ фақат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офарандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мешаванд, ки ин боиси махдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ҳамин барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамаи шаҳрвандон Дар ташкил намудани ҳокимияти давлати иштирок менамоянд. Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлати ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъият ва шаҳрвандон равона карда мешавад.
3. Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс. Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар одатан масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар қ.З моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф мекунад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва конунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рӯёнида ё ҷуброн карда шавад. Меъёри зикршудаи конститутсионӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонунгузории амалкунанда таҷассуми худро меёбад. Аз ҷумла, дар моддаи 16 Кодекси граждани омадааст. "Зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳалли ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн кардашавад". Ҳамин тартиб, доираи амали мақомоти давлати, суд ва прокуратура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд. Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. У низ вазифадор аст уҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд, риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайра аз ҷумлаи уҳдадориҳои шаҳрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
4. Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ҳарсе шохаи ҳокимият дар татбиқи фаъолияти худ мустақил мебошанд. Таҷзияи ҳокимияти ягонаи давлатӣ ба се шохаи мустақил яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои ҳокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимнашаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ намоянд, ки онҳо дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбад. Фаъолияти мақомоти зикршуда дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имкон намедиҳад, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаванд. Ҳамаи се шохаи ҳокимият муҳиманд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир расонида, барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд хизмат мекунанд. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб карда шуда, истиқлолияти давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амали намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гуна суиистеъмолкунӣ ҷазо медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти ҳудро ба амал мебарорад.
Дар айни ҳол дар Тоҷикистон 1 - Конститутсия, 17 - қонунҳои конститутсионӣ, 21 - кодексҳо, 319 қонунҳои дигар ва зиёда аз 17 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ амал мекунанд, ки барои танзими муносибатҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ равона гардидаанд.
V. ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. Дар тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст, ҳама дину мазҳабҳо дар доираи муқаррароти мазҳабҳо ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд» [Тафсири илмӣ-oммавии Кoнститутсияи (Сарқoнуни) Ҷумҳурии Тoҷикистoн. / Зeри таҳрири д.и.ҳ., М. А. Маҳмудoв. – Душанбe, 2009. - С. 46 - 47].
Моҳияти дунявии кишвар аз моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Тибқи моддаи 1 Конститутсия, Тоҷикистон давлати дунявӣ эълон гардидааст. Ин хислати давлат бо хусусияти ҷамъият, ки дар он таъсири дин хеле зиёд аст, вобаста мебошад. Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар моддаи 8 Конститутсия кишвар инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми он гуфта мешавад, ки ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Меъёри мазкур давоми мантиқии қисми якуми моддаи 8 буда, дар он тибқи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ сурат гирифтани ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар шудааст. Дар қисми чоруми моддаи 8 гуфта мешавад, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал кардани онро мефаҳмонад. Аммо эълони ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат, мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Шакли дунявии давлат яке аз шаклҳои эътирофшудаи ҳамкории давлат ва дин мебошад, ки дар он ҳам манфиатҳои давлат ва ҳам манфиатҳои дин дар ҳаёти ҷомеа таъмин карда мешавад. Давлат ва дин бояд дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳони муосир, ҳимояи айниятҳои миллию маънавӣ ва фарҳанги дунё бо ҳам шарик бошанд.
Дар кишвари мо низ дунявият ба ҳамин маънию моҳият аст. Дар Тоҷикистон, боз як бори дигар таъкид мекунем, ки дин аз давлат не, балки иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудоянд ва ин худ як қадами тозаест, дар рушди маънии дунявият вобаста ба шароити миллӣ ва давру замон. Ин худ гарави поймол накардани адолат, роҳ надодан бар зулм аст. Пас давлати дунявӣ бо ҷудо кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат дар баробари роҳ надодан ба дини расмии давлатӣ, ки ногузир ба вайрон шудани адолати иҷтимоӣ меорад, зимнан худи динро низ аз суъистифодаҳои сиёсӣ, аз табдил шудан ба хизматгори сиёсат замонат додааст. Аммо бо эъломи дунявият, давлат динро аз муҳити иҷтимоӣ берун наандохтааст, балки онро ба муҳити фарохи фарҳангию иҷтимоии кишвар ворид кардааст [Зуҳурзода Ш.Д. Асосҳои ҳуқуқии конститутсионии бунёди давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон// Маҷаллаи академии ҳуқуқ. 2022. № 3 (43). - С. 85-89].
Дар асри ХХ бошад яке аз тарафдорони ақидаи давлати дунявӣ маъруфтарин пешвои ҳаракати миллию озодихоҳӣ ва бузургони дини ҳиндуия Маҳатма Ганди мебошад, ки дар арафаи бадастории истиқлолияти Ҳиндустон гуфта буд: «Ман қасами вафодорӣ ба дини худ хӯрдаам. Ман ба марг аз барои вай ҳозирам. Аммо ин кори шахсии манаст. Давлат ба ин ҳеҷ муносибате надорад. Давлат дар бораи некуаҳволии дунявии шумо, саломатии шумо, роҳу тароватии шумо, муносибатҳои хориҷӣ, асъор ва ғайра ғамхорӣ мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин – ташвиши шахсии ҳар шахс аст» [Махатма Ганди. Моя Вера. Йога Экс-Пресс, 2009].
Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4058 адад иттиҳодияҳои динӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 1 адад Маркази исломӣ, 49 адад масҷидҳои ҷомеи марказӣ, 3612 адад масҷидҳои панҷвақта, 1 адад ҷамоатхона, 2 адад ҷамоатхонаи шиаи Имомии исмоилӣ, 65 адад ташкилоти динии ғайриисломӣ ва 1 адад ҷамоаи динии ғайриисломӣ мебошад.
Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Чаҳор принсипи асосии дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон:
Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад тан­ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ тат­­биқ гардад. Ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намуда­анд ва ҳизбҳое, ки сифати исломӣ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳа­мин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст.
Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дун­явият мумкин аст, ки бароба­рии пайравони дину маз­ҳаб­ҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷти­мои­ву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар, меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳама вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субъекти комили му­носибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ғайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд.
Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба ҳама дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намояндагони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.
Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маъ­навии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгонро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи То­ҷи­кистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин мат­лаб, ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равия­ҳои дигари дини ислом, бахусус исмоилия низ, дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад (Баротзода Ф. Озодии виҷдон ва масоили таҳаммулпазирии динӣ №3(4265) 09.01.2021 https://sadoimardum.tj).
Беш аз 97 % аҳолии кишвар пайрави дини Ислом, ки аксарияташон аз мазҳаби суннии ҳанафӣ пайравӣ мекунанд. Тақрибан 3-4% мусулмононро шиаёни исмоилия ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар қисмати шарқии кишвар ҷойгир аст, зиндагӣ мекунанд. Пайравони Калисои православии рус сершумортарин гурӯҳи насронӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ ҷамоатҳои хурди масеҳиён-евангелистҳо, баптистҳо, католикҳои румӣ, адвентистҳои рӯзи ҳафтум, Шоҳидони Яҳво, лютеранҳо ва протестантҳои берун аз доираи ҳар кадом мазҳабу шохаҳои насрония ҳузур доранд. Ҳамчунин ҷамоатҳои ниҳоят камшумори яҳудиён, баҳоиён ва аъзоёни Анҷумани байналмилалии огоҳии Кришна арзи вуҷуд доранд.
VI. ДАВЛАТИ ЯГОНА. Давлати ягона шакли идоракунист, ки дар он сохтори давлатӣ дорои унсурҳои соҳибихтиёрӣ намебошад, балки воҳидҳои маъмурию ҳудудии он (вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ғайра) ба хукумати ягонаи марказӣ тобеъ мебошанд. Дар қаламрави давлати ягона (унитарӣ) чун қоида, конститутсияи ягона мавҷуд буда, низоми ягонаи қонунгузорӣ, судӣ, пулию андозӣ мавҷуданд. Аксарияти кишварҳои ҷаҳон шакли ягонаи ҳукумат доранд. Ин шакл махсусан барои кишварҳои хурде хос аст, ки минтақаҳои алоҳида надоранд. Аммо давлатҳои бузурги унитарӣ низ ҳастанд, масалан Чин, Қазоқистон, Муғулистон, Алҷазоир.
Аломатҳои давлати ягона чунинанд:
Аввалан, давлати унитарӣ шакли ягона, умуми барои тамоми кишвар, мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судиро дар назар дорад, ки роҳбарии мақомоти дахлдори маҳаллиро мақомоти олӣ амалӣ мегардонад.
Сониян, дар ҳудуди давлати ягона як конститутсия, низоми ягонаи қонунгузорӣ ва як шаҳрвандӣ мавҷуд аст. Он дорои низоми ягонаи пулӣ ва сиёсати умумии андоз ва қарз барои ҳамаи воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ҳатмӣ мебошад.
Сеюм, қисмҳои таркибии давлати унитарӣ (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) соҳибихтиёрии давлатӣ надоранд. Қисмҳои таркибии давлати воҳид мақомоти қонунгузори худ, сохторҳои мустақили ҳарбӣ, мақомоти сиёсати хориҷӣ ва дигар атрибутҳои давлатдорӣ надоранд.
Чорум, давлати унитарӣ, ки дар ҳудуди он миллатҳои хурд зиндагӣ мекунанд, ба таври васеъ мустақилияти миллӣ ва қонунгузориро иҷозат медиҳад.
Панҷум, дар давлати воҳид тамоми муносибатҳои берунии байнидавлатиро мақомоти марказӣ, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ расман муаррифӣ мекунанд, амалӣ мегардонанд.
Шашум, давлати унитарӣ қувваҳои мусаллаҳи ягона дорад, ки ба онҳо мақомоти марказии ҳукумат роҳбарӣ мекунанд.
VII. ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ. Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки вазифаи асосии он ноил шудан ба пешрафти иҷтимоӣ мебошад, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқии иҷтимоӣ, ҳамбастагии умумӣ ва масъулияти тарафайн асос ёфтааст, ки дар қонун муқаррар карда шудаанд.
Нишонаҳои давлати иҷтимоӣ инҳоянд:
- аз ҷониби давлат таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, дар ҷомеа муқаррар намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ, самти иҷтимоии сиёсати давлатӣ, таъмини ҳар як шаҳрванд бо шароити арзандаи зиндагӣ, амнияти иҷтимоӣ ва имкониятҳои баробари ибтидоӣ.
- сатҳи баланди маънавии шаҳрвандон ва шахсони мансабдор - "ченаки инсонӣ".
- мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии мутараққӣ.
- дараҷаи баланди демократия дар ҷамъият.
-базаи тараққикардаи иқтисодӣ, ки барои ба амал баровардани тадбирҳои аз нав тақсим кардани даромад ва структураи аз ҷиҳати иҷтимоӣ нигаронидашудаи иқтисодиёт имконият медиҳад.
- пайвандии давлат бо ҳуқуқ, мавҷудияти сифатҳои давлати ҳуқуқбунёд;
- мавҷудияти қонунгузории мавҷудаи иҷтимоии тараққикарда.
Унсури таркибии давлати иҷтимоӣ парламент мебошад, ки дар он ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки дар ҳудуди муайян зиндагӣ мекунанд, бояд баробар намояндагӣ намоянд.
ДОНИЁР САНГИНЗОД,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори
кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ,
муовини ректор оид ба корҳои илмии
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj