• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ДДОТ:ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ДОИРАИ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Возможно, это изображение 6 человек, помост и текстИмрӯз, 7-уми феврали соли 2024 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ омӯзгорни донишгоҳ ва омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии кишвар, мудирони маъориф ва директорони
муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии вохӯрии имрӯза барои татбиқ ва дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат беҳтар намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Баъд аз анҷоми сухани муқаддимавии вазири маориф ва илм миёни омӯзгорони ширкатдошта табодули назар сурат гирифта, омӯзгорони соҳибмактабу таҷрбадори кишвар дар мавриди боз ҳам баҳтару хубтар гардонидани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳодҳои судманд карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ вазири маориф ва илми кишвар аз ташаббусҳову ҳавасмандагрдониҳо дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбият, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ бо ташкили курсҳои омӯзишӣ аз раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа иброз гардид, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ баҳри беҳтар намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таъсис дода шуда, пешниҳодҳои олимони соҳа вобаста ба беҳтаршавии таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар макотиби оливу миёна мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj