• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҲАДАФИ АСОСИИ МАШҒУЛИЯТҲО - БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОН
Возможно, это изображение 1 человек, помост и текст «мафхум BA нишонахои давлат давлат ташкилоти хокимияти сиесии чамъият мебошад дастгохи махсуси мачбуркуни буда, салохияти худро дар худуди муайян амалй дорои 2. зерин мебошад: ташкили чойгиршавии ахолй дар худуди муайян амалй намудани хокимияти оммавй доираи худуд. нишонаи сеюми мебошад. алокамандии мустакими давлат ва хукук. давлат»
6 феврали соли 2024 тибқи нақшаи тасдиқгардида дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ифтихори соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуи «Моҳияти ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон» машғулияти ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод мафҳумҳои давлат, давлати соҳибихтиёр, давлати демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд, давлати дунявӣ, давлати ягона ва давлати иҷтимоиро ташреҳ дода иброз дошт, ки давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳуқуқ, давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо ҳамин роҳ онро қонунӣ мегардонад. Давлат вазифаҳои худро ба шакли ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқ фаъолияти давлат ва ҳокимияти давлатиро дар доираи қонуният мушаххас намуда, тобеияти онҳоро ба низоми ҳуқуқии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна ҳолати тобеияти давлатӣ ба ҳуқуқ давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил меёбад.

Профессор Дониёр Сангинзод ҳамзамон моҳияти давлати демократиро шарҳ дода афзуд, ки давлати демократӣ-давлатест, ки сохтор ва фаъолияташ ба иродаи мардум, ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон ва шаҳрванд мувофиқат мекунад. Давлати демократӣ муҳимтарин унсури демократия дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба озодии мардум асос ёфтааст. Сарчашмаи ҳоқимият ва қонунияти ҳамаи мақомот соҳибихтиёрии халқ аст.
Хотиррасон менамоем, ки машғулиятҳои ҳуқуқӣ дар робита ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳар ҳафта доир гардида, ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии устодон ва кормандон аст.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ

surat 91.png - 36.52 Kb

  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj