• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО АЗ ПАРДОХТИ ШАРТНОМАИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД!
Возможно, это изображение 2 человека, осветительное оборудование и помостДирӯз (6.02.2024) ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштирокдорони озмунҳову олимпиадаҳои дохилидонишгоҳиву ҷумҳуриявӣ, барандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва донишгоҳӣ вохӯрӣ намуда, дар рафти суҳбат қайд кард, ки дастгирии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамеша донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд ва танҳо дар соли сипаришуда ба ҳамаи иштирокдорони озмунҳо дар умум ба маблағи зиёда аз 300 000 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Инчунин ректори донишгоҳ зикр намуд, ки донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, агар шартномавӣ бошанд аз пардохти боқимондаи шартномаи таҳсил озод, қабул дар шакли ройгон ба зинаи магистратура, доктор аз рӯи ихтисос Phd ва инчунин бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла ба нафаре, ки соҳиби ШОҲҶОИЗА мегардад, ба маблағи 20 000 сомонӣ ва нафароне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро соҳиб мегарданд, ба маблағҳои 10 000, 7000, 5000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо низ 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj