• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
РӮЗГОРЕ НАМУНАИ ИБРАТ
Чу аз моли ҷаҳон дониш бувад гармии бозорам,
Вуруде бар дари ганҷинаи дониш талабгорам.

Инсони равшанзамиру поктинат дар хӯю атвори хеш чароғеро мемонад, ки дар зулмоти шаб нур бахшида, ба дили кас аз фардои дурахшону нуронӣ умеде эҳдо мекунад. Эшон инсонвор зиндагӣ карданро рисолати аслии хеш дониста дар ҳар ҷодае, ки маҷрои зиндагӣ онҳоро ба пайкору талош равона мекунад, фазилатҳои инсониро фаромўш намекунанд. Гузашта аз ин, агар чунин афрод касби омўзгориро дар ҳаёт пешаи хеш карда бошанд, пас бе муболиға метавон гуфт, ки эшон пайрав ва меросбарони паёмбаронанд, зеро паёмбарон низ чун муаллим зуҳур намудаву ҳидоятгари зиндагии шоистаи одамон буданд.
Идомаи сухани мо ҳам бархест аз рўзгори инсони баргузида ва омўзгори ботаҷриба, олими нуктасанҷу пурмаҳсул, марди сарсупурдаю фидоии маорифу ирфони тоҷик ва ниҳоят инсони хоксору заминӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи «Методикаи таълими математика»-и Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ устод Мансур Нугмонов, ки 50 соли умри пурбаракати хешро сарфи кори мактабу маориф намудааст.
Мо муддати тўлонӣ бо эшон шиносоӣ дорем. Агарчи ин муддати хело ночиз аст, аммо мо тайи гузашти ин фурсати андак дарк намудем, ки зиндагӣ, кору фаъолият ва хислату рафтори устод Мансур Нугмонов худ як мактаби бузурги омўзгорӣ, пажўҳишгарӣ ва одамгарию инсонпарварӣ мебошад.
Агар мо пайи муваффақиятҳои устод Мансур Нугмонов дар ҷодаи омўзгорӣ, пажўҳишгарӣ ва роҳбарӣ сухан ронем, зарурати навиштани сафҳаҳои зиёд пеш меояд. Махсусан, чун омўзгори пешқадаму навовар эътироф шудан, донандаи беҳтарин методҳои таълими математика, пажўҳишгари нуктасанҷи соҳаи методикаи таълими математика, алалхусус: асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм; сохтори методии таълим; фалсафа ва методологияи таҳсилот; фалсафа ва таърихи математика; робитаҳои байнифаннӣ; масъалаҳои муосири дидактика; психологияи математика; асосҳои педагогӣ, психологӣ ва методии муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муаллифи зиёда аз 100 китобу дастурҳову стандартҳо ва беш аз 620 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, муҳаррир ва муқарризи аксари китобҳои дарсию методӣ аз фанни математика ва дигар маводи таълимӣ, иштирокчии чандин семинару конференсияҳои илмӣ-методиву илмӣ-назариявии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дорандаи ифтихорномаю раҳматномаҳои дигар ҳар як дар алоҳидагӣ пажўҳиши махсусро талаб менамоянд.
Ин ҷо мо то ҷойи имкон ва қудрату фаҳмиш дар ин матлаби кўчак андешаҳои хешро атрофи наҷибтарин хислатҳои ин марди хирад хеле хоксоронаю заминӣ рўйи авроқ овардем.

Устод Мансур Нугмонов зодаи водии зархезу зебоманзари Зарафшон аст. Мо аз баландии ақлу хирад, аз баландии ағбаи сар ба фалаккашидаи ҳамеша барфпўш, ба водии зебоманзари ҳамешабаҳори Зарафшон менигарем. Ин ағба Анзоб ном дошта, бо кўҳҳои қуллаҳояш барфпўши сап-сафед, ки ба осмон дакка мехўранд, иҳота шудааст. Оҳиста менигарем, ба зер. Ин мавзеъҳои бо номҳои таърихии худ ба ҷаҳониён машҳури дар доманаи кўҳҳои осмонбўс ҷойгирбуда, як қисмати Тоҷикистони биҳиштосои мо мебошад.

атраҳои обе, ки оҳиста-оҳиста ба ҷўйбор, пас ба рўдҳои сероб табдил меёбанд ва қисме бо талотум ба дарёи шўхоби Зарафшон ва қисми дигаре ба рўди сероби Варзоб ҳамроҳ мешаванд. Дар саросари лаби рўдҳои дарёи Зарафшон, мавзеъҳое, ки аз он бўйи накҳати ҳазорон гулҳои рангоранг ба машом мерасанд, мардуми қавиродаи меҳнатдўст дарахтеро сабз кардаанд, ё боғи мевазоре бунёд кардаанд.

Ҷой-ҷой дар лаби рўду рўдхона, дар доманаи кўҳҳои осмонбўс деҳаҳо ба чашм мерасанд. Мардуми он тобистону зимистон, чор фасли сол бо ҳофизию сурудхонӣ саргарми ободсозии ин мавзеъҳои биҳиштосоанд. Бошандагони ҳар як деҳа бо олиму шоиру фарзонагони худ фахр мекунанд. Бахшида ба ҳар як деҳаи зебоманзари ин дараҳои ҳамешабаҳор латифаҳое нақл мекунанд, ки шунаванда чанде дар шигифт мемонад. Ҳамеша ҳамин тавр буд, ҳамеша ҳамин тарз хоҳад монд.

Аз баландие, ки ағбаи Анзоб ном дорад, менигарем ба сўйи офтобнишин. Ба деҳае, ки бо номи Пағна машҳур аст. Ана дар ҳамин деҳа (Пағнаи номи баландам, Пағнаи номусу нангам – таъбири худи устод), дар хонаводаи амаки Мулло Нўъмон – марди маърифатпарвар ва яке аз шахсони барўманди водии зебоманзару зарфишони Зарафшон 10 феврали соли 1949 тифле ба олами ҳастӣ қадам гузошт, ки ўро бо ҳазор умеду орзу Мансур ном гузоштанд. Таваллуди фарзанд аҳли хонаводаро фараҳу шодмонӣ бахшид, бахусус амаки Мулло Нўъмонро, зеро соҳиби писар шудан орзуи деринаи эшон буд. Ин буд, ки амаки Мулло Нўъмон (рўҳашон шод бод!) аҳли деҳаро ба муносибати писардор шудан ҳаққи намак карда, аз пирони деҳ баҳри дарозумр ва одами бамаърифату бамаънӣ шудани фарзанд, фотиҳаи нек гирифтанд.

Ҷавонии устод Мансур Нугмонов дар ҳамин рустои «навбаҳоронаш базебу мушкбез», ки доимо «насими рўҳбахши кўҳсор» ба машом мерасад, гузаштааст. Чун писар ба синни мактабӣ расид, волидон бо сад орзуву умед ўро аввал ба мактаби ҳафтсолаи деҳа ва сипас ба мактаби миёнаи рақами ҳафти ба номи устод Абўабдуллоҳи Рўдакии деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент, ба гуфти ҳаким Низомӣ «аз хона ба мактабаш фиристоданд»:

Додаш ба дабири донишиомўз,
Додаш ба дабири донишиомўз,
То ранҷ барад бар ў шабу рўз.
То ранҷ барад бар ў шабу рўз.
Ҳангоми дар мактаби миёнаи деҳа таҳсил кардани устод Мансур Нугмонов «ранҷ»-ҳои кашидаи «дабири донишомўз» баръабас нарафтанд ва пас аз хатми мактаб (соли 1966) эшон ҳамчун як ҷавони барнодилу кунҷкову донишомўз ба воя расиданд. Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Ҷавоне барораст аз хештан,
Ҷавоне барораст аз хештан,
Сухангўю барнодилу поктан.
Сухангўю барнодилу поктан.
Имрўз устод Мансур Нугмонов аз «дабирони донишомўз»-и даврони мактабиашон хеле миннатдор буда, самимонаву боифтихор аз онҳо ёдоварӣ менамоянд.

Дар мактаб устод Мансур Нугмонов бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна диққати Мансури ташнаи илмро бештар фанҳои дақиқ, алалхусуи фанни математика ба худ ҷалб менамуданд. Эшон соли 1966 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳамон сол баҳри идомаи таҳсил, бо фотеҳаи неки падару модар ба шаҳри Душанбе раҳсипор мегардаданд. Хушбахтона, худи ҳамон сол устод Мансур Нугмонов имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурда, ба сафи донишҷўёни факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, ба омўзиши илми пурасрори математика сахт камар мебандаданд.

Имрўз устод Мансур Нугмонов он рўзҳоро ба ёд оварда мегўяд: «тобистони соли 1966, мо як гурўҳ хатмкунандагони мактаб ба як ҷаҳон орзуву умед ба шаҳри Душанбе омадем. Ҳар яке бо нақшаҳои гуногун, дар оғўши ин шаҳри навбунёду кўҳанниҳод паҳну парешон гаштанд. Маро санги фалахмони тақдирсоз ба факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко овард. Он вақт дар гўшаи хаёлам фикре надоштам, ки ман касби омўзгорӣ, бахусус омўзгори фанни математикаро пеша мекунам. Ҳамон рўзҳо устоди мўҳтарам Тўрақул Ҷумъаевро дар назди дарвозаи Донишкада вохўрдам. Ту муаллими хуб мешавӣ, ҳуҷҷатҳоятро ба шўъбаи математикаи факултети физикаю математика супор, маслиҳат доданд устод. Ҳамин тавр, ман бо маслиҳати устоди мўҳтарам Тўрақул Ҷумъаев касби пуршарафи омўзгориро пеша намудам, ки аз ин шукргузорам».

Муддати панҷ соли таҳсил дар факултети физикаю математика эшон аз устодон Л.М. Фридман, Қ.У. Осимӣ, Ф.М. Маликов, М.Б. Хаимов, Б.А. Элнатанов, Г. Собиров, Р. Рўзметов, Н. Усмонов, И. Тўхтасунов, А. Адҳамов, Ҳ. Содиқов, М. Шерматов, Т. Шодиев, Ғ. Ҷабборов, З. Нуриддинов ва дигарон нозукиҳои илмҳои математикаву физика ва касби пурифтихори омўзгориро омўхт.

Баъди хатми ин боргоҳи ҳунар (соли 1971) қобилияту истеъдоди устод Мансур Нугмоновро ба инобат гирифта, маъмурияти Донишкада ва факултети физикаю математика эшонро барои кор ба кафедраи методикаи таълими математика тавсия намуданд. Ҳамон давра мавриди ташкил намудани муҳити илмӣ дар Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) яке аз проблемаҳои хеле муҳимро ҳал кардан зарур буд. Ин ҳам бошад, интихоби мутахассисони дорои қобилияти корҳои илмӣ иҷрокунандаи миллӣ буд, чунки ҳамон давра дар Донишкада мутахассисони маҳаллӣ (миллӣ) хеле кам буданд ва эҳтиёҷ ба чунин мутахассисон рўз ба рўз меафзуд. Бар замми ин аз мушоҳидаву таҷрибаҳо бармеояд, ки рушду инкишофи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳҳо пеш аз ҳама ба қобилият ва сатҳу сифати кордониву дониши коллективи илмӣ вобаста аст. Дар ҳақиқат аз таърихи рушди илм бармеояд, ки кормандони хуби интихобкардашудаи илмӣ, ҳамеша сабурона, муназзам ва пурмаҳсул корҳои илмӣ-таҳқиқотиро пеш мебаранд. Онҳо парчамбардори пешсафи илм мебошанд.

Солҳои 70-90-и қарни гузашта дар кафедраҳои факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чунин коллективи илмӣ ташкил гардид. Омўзгорони шинохта Л.М. Фридман, Қ.У. Осимӣ, Ф.М. Маликов, М.Б. Хаимов, Б.А. Элнатанов, Г. Собиров, Р. Рўзметов, А. Қодиров, Н. Усмонов, М. Каримова, Р. Давлвтов, Р. Пиров, Қ. Норов, О. Шаҳбозов, F. Раҷабов, А. Сўфиев, Б. Муродов, М. Арабова, F. Менгниязов, М. Ахмедов, Б. Шарифов, М. Махкамов, Б. Ҳасанов, Б. Ҳомидов, М. Азизов, С. Қурбоншоев, Ю. Ҳасанов, Ў. Шерматова, Р. Атохонов, Б. Юнусова, С. Ҳасанов, А. Ҳамроқулов, М. Олимов, У. Чориев, Қ. Бобоев, Т. Раҷабов, А. Сатторов, Р.Алиқулов, Ҷ. Мамедова, М. Ҷўраев, Р. Раҳимов, М. Эргашева, Б. Нагорев, Д. Ҷўрабекова, А. Холиқов ва дигаронро бо ифтихор номбар кардан мумкин аст.

Айни замон бо боварии том гуфта метавонем, ки идомадиҳандаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии аъзоёни пешини кафедра, дастпарвари ҳамин кафедра Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор устод Мансур Нугмонов мебошанд.

Эшон аз соли 1971 то соли 1973 ба ҳайси ассистенти кафедраи методикаи таълими математика, солҳои 1973 - 1974 афсари Артиши Шўравӣ, солҳои 1974–1979 ҳамчун ассистенти кафедра, солҳои 1979–1987 ба сифати муаллими калони кафедра, аз соли 1988 то 1991 дар вазифаи дотсент, солҳои 1991–1993 ба ҳайси ходими калони илмӣ, солҳои 1993–1996 дар вазифаи дотсенти кафедра, солҳои 1996–2000 ба сифати ходими калони илмии Донишгоҳ ва аз соли 2002 то соли 2018 дар вазифаи профессор ва мудири кафедраи методикаи таълими математика кору фаъолият кардаанд.

Устод соли 1980 ба шўъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1984 онро хатм кардаанд. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҳабиб Рушан Абдулхаевич корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, соли 1984 дар мавзўи «Пайдарҳамии курсҳои алгебра ва ибтидои анализи синфҳои IX-X ва математикаи синфҳои VII-VIII дар мактаби миёна» рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардиданд.

Устод Мансур Нугмонов солҳои 1997-2000 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Москва таҳсил намуда, аввалин доктори илм дар соҳаи назария ва методикаи таълими математика дар ҷумҳурӣ мебошанд. Эшон соли 2000 дар мавзўи «Асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм» бомуваффақият рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ гардиданд.

Эшон бо тамоми ҳастияшон дилдодаи касби пуршарафи омўзгорӣ мебошанд, яъне дигаре аз хислатҳои ин марди наҷиб - дилдодаи касби худ будан аст. Ба андешаи ғолиб эшон ба касби омўзгорӣ чун ба як кешу мазҳаб эътиқодманданд. Адиби бузурги рус Л.Н. Толстой дуруст мегўяд, ки «муаллимӣ пешаест оливу наҷиб, вале на ҳамон кас муаллим аст, ки маълумоти омўзгорӣ мегирад, балки он касе, ки ботинан ба ин касб эътиқод дорад - муаллим аст». Устод Мансур Нугмонов низ аз ҷумлаи чунин омўзгорон мебошанд.

Фаъолияти илмӣ ва илмӣ - методии устод Мансур Нугмонов хеле фарох буда, ба масоили: пайдарҳамии курсҳои алгебра ва ибтидои анализи синфҳои IX-X ва математикаи синфҳои VII-VIII дар мактаби миёна; асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм; сохтори методии таълим; фалсафа ва методологияи таҳсилот; фалсафа ва таърихи математика; робитаҳои байнифаннӣ; масъалаҳои муосири дидактика; психологияи математика; асосҳои педагогӣ, психологӣ ва методии муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида шудаанд. Устод Мансур Нугмонов аз зумраи он олим-омўзгоронеанд, ки пурмаҳсул буда, маҳсули ранҷи эшонро дигарон истифода мекунанд. Мақолаҳо, дастурҳо ва васоити таҳиякардаи устод ба дарди омўзгорони математикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ мехўранд ва мушкилоти онҳоро осон мегардонанд.

Устод Мансур Нугмонов муаллифи зиёда аз 700 номгўй корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, ки беш аз 200-тои онҳоро васоити методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла: муаллифи 17 рисолаи илмӣ, 14 барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 15 барномаи таълимӣ барои донишгоҳҳои омўзгорӣ, 4 барномаи таълимӣ барои коллеҷҳои омўзгорӣ, 30 воситаи таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумию донишҷўёни донишгоҳи омўзгорӣ, стандарти давлатӣ оид ба математикаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии Тоҷикистон, инчунин мушовири китобҳои дарсии математикаи синфҳои 1-4 аст. Таҳти назари эшон 50 маҷмўаи илмӣ ва дастурҳои таълимӣ ба чоп расидаанд. Қисме аз асарҳои илмию методии устод дар нашрияву маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.

Саҳми устод дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи илм хеле калон аст. Бо ташаббуси эшон бори аввал дар таърихи илми ҷумҳурӣ соли 2009 дар назди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ аз назария ва методикаи таълими математика ва бори дуюм Шўрои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ аз назария ва методикаи таълими математика ва педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот соли 2018 ифтитоҳ гардид, ки раисии ҳарду шўроро устод ба ўҳда доштанду доранд.

Таҳти роҳбарии устод беш аз 37 аспиранту унвонҷў рисолаи номзадӣ ва 4 нафар докторантон рисолаи докторӣ ҳимоя карданд, ки дар қатори онҳо шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳам ҳастанд. Айни ҳол таҳти роҳбари эшон 3 нафар докторантон рисолаи докторӣ ва 21 нафар аспирантону унвонҷўён рисолаи номзадӣ таълиф карда истодаанд.

Устод Мансур Нугмонов бо кафедраи «Методикаи таълими физика» робитаи зичи ҳамкории илмӣ ва илмӣ-методӣ доранд. Дар ҳамкорӣ бо собиқ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» дотсент Ҷумъаев Ҳ.Қ. (рўҳашон шод бод) ва мудири ҳозираи кафедраи музкур дотсент Умаров У.С. якчанд конференсияҳои илмӣ-методиву илмӣ-амалӣ гузаронида, як зумра мақолаҳои илмӣ-методӣ нашр намудаанд. Дар ин мақолаҳо ба донишҷўён ва омўзгорони ҷавон роҳҳои ташаккул додани тафаккури физикӣ ва қобилияти дарккунии хонандагон дар таълими физика тавсияҳо пешниҳод кардаанд.

Устод Мансур Нугмонов иштирокчии фаъоли конференсияҳои байналмилавиву ҷумҳуриявӣ буда, тез-тез бо падидаҳои нави худ доир ба масъалаҳои умдаи методикаи таълими математика муърўзаҳо мекунанд. Устод дар беш аз 22 симпозиуму конфронси илмии байналмиллалӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон (Москва, Черноголовка, Саранск, Саратов, Самара, Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Душанбе, Тольятти, Арзамас) иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Устод ҳамсўҳбат ва маслиҳатчии доимӣ ва беминнати омўзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе мебошанд.

Устод Мансур Нугмонов дар қатори корҳои илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявӣ, инчунин дар корҳои ҷамъиятии факултет ва Донишгоҳ низ фаъолона ширкат меварзанд. Эшон тайи 7 сол узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Маърифат» буданд ва айни ҳол раиси Шўрои миллии таҳсилот оид ба ҳамоҳангсозии барнома ва китобҳои дарсии математикаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Устод Мансур Нугмонов ташкилотчии моҳир ва ҷамоатчии фаъол мебошанд. Эшон пайваста дар Иттиҳодияи методии омўзгорони математикаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе дар мавзўъҳои гуногуни таълими математика баромад мекунанд. Солҳои гуногун аъзои ҳайати ҳакамон, раиси ҳайати ҳакамони озмунҳои (олимпиадаҳои) минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни математика буданд.

Устод Мансур Нугмонов аз рўзи аввали фаъолияти кориашон дар кафедраи методикаи таълими математика робитаи худро бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мустаҳкам намуданд, ки ин робита то ҳоло идома дорад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо ташаббусу ибтикори устод ва дастгирии муовини директори мактаб – литсейи (феълан гимназияи) ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанбе устод Тўрақул Ҷумъаев дар ҳамин дабистон кафедраи методикаи таълими математика ташкил карда шуд, ки дар он ҷо доимо машваратҳои иттиҳодияи методии омўзгорони математикаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардиданд.

Яке аз хислатҳои беназири устод Мансур Нугмонов хоксорӣ ва фурўтанӣ буда, бо ин хулқи хеш азизи дилу дидаи атрофиён гардидаанд. Аз сўҳбату мулоқоти нахуст бо эшон кас гумон мекунад, ки бо шиноси деринааш вохўрдааст ва тамоми ҳисси бегонагиро дар вуҷуди худ маҳв месозад. Аз салому каломи аввалин, нигоҳҳои пурмеҳру ҳикматбор, навозишу рафторҳои тоҷикона баръало пайхас мегардад, ки дар рў ба рўят шахси фавқулодае истодааст. Эшон дар муомилаю муносибат бо ҳамагон новобаста аз мақому ҷойгоҳашон яксону якназаранд. Чунин хислатҳоро бевосита нигорандагони ин сатрҳо дар муносибат бо устод доимо дарк намудаанд.

Устод Мансур Нугмонов дар зиндагӣ худро шахси хушбахт меҳисобанд, зеро пеш аз ҳама тўли умри пурбаракати худ дар таълиму тарбияи насли навраси миллат тавассути меҳнати самаранокашон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Шогирдони устод дар тамоми гўшаву канори ватани азизамон – Тоҷикистон ва берун аз он дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона ифои вазифа менамоянд.

Устод Мансур Нугмонов соҳиби оилаи ободу устувор ва чор ҷигарбанд мебошанд. Фарзандони устод Масрур, Бахтиёр, Фаридун ва Фархунда соҳиби маълумотҳои мухталиф буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд. Устод соҳиби 13 набераи дўстрў мебошанд, ки дар тарбияи онҳо низ ҳамчун бобои ҳалиму меҳрубон саҳми арзанда доранд.

Устод Мансур Нугмонов барои дастовардҳои меҳнатияшон дар таълиму тарбияи насли наврас бо Раҳматномаю Ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ифтихорномаи гимназияи №53, Ифтихорномаи Шўъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои ПРМ ва АТТ сарфароз гардидаанд. Аз соли 2003 «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошанд.

Ба ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи ин олими нуқтасанҷ, марди меҳнатӣ ва пуртоқат, инсони хоксору нек гуфтем, боз як нуктаеро илова кардан мехоҳем. Масали мардумист, ки «Олим шудан осону одам шудан душвор». Ба итминони комил мегўем, ки устод Мансур Нугмонов ҳам инсони хубанду ҳам олими хуб. Аз ин лиҳоз, дар ҳама ҷо эшонро дўст медоранду эҳтиром мекунанд.

Имсол устоди устодон, марди фозилу оқил, олими шинохта ва пурмаҳсул, инсони нек, шахси ростқавл, поквиҷдону ҳалолкор, мураббии ҷавонон Мансур Нугмонов ба синни мубораки 75 қадам мегузоранд. Ин синни муборакро барояшон табрик мегўем ва аз Яздони пок таманнои онро дорем, ки тани сиҳату офияти бениҳоят, сарсабзии ҷовидонӣ ва авҷу арҷи бештарро дар роҳи такмили илмиву инсонӣ баҳрашон арзонӣ намояд ва тамоми меҳру муҳаббату орзуҳои хешро печида ба ин байти зебо иброз медорем:

Табрик туро, ки сабзу навмелодӣ,

Фархундабашоративу фаррухзодӣ.

Сад соли дигар Худо ба мо бахшад кош,

Имкони хуҷастаи муборакбодӣ.

Умаров У.С., Раззоқов А.А. – шогирдони устод

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ

surat 91.png - 36.52 Kb

  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj