• Tajik
  • Russian
  • English
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИН ВА РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ (бахшида ба соли маъфрифати ҳуқуқӣ)

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат чун пайки неку шодӣ ва пайѓоми созандагӣ ироа мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибрози дигар нуктаҳо, инчунин пешниҳод намуданд, ки ба хотири истиқбол аз љашни сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ҳама соҳаҳо, аз љумла дар соҳаи меҳнат низ бо дарназардошти низоми нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки мутобиқи моддаи 1 Конститутсия, Љумҳурии Тољикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Паёми зикршуда, инчунин дар тамоми дигар вохуриҳо ва баромадҳояшон ба масъалаи риояи қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Маърифати ҳуқуқӣ аввалан дар зинаҳои гуногуни таҳсилот дар зеҳни аҳолӣ ҷойгир карда шуда, баъдан дар соҳаҳои алоҳида ташаккул дода мешавад. Яке аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти иҷтимоии инсонро фаъолияти меҳнатии ӯ ташкил медиҳад. Яъне, аз се як ҳиссаи умри инсон пас аз ба балоѓат расидан, сарфи фаъолияти меҳнатӣ мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ наздики дуюним милион нафар шаҳрвандони қобили меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо машғули кор мебошанд, ки муносибатҳои меҳнатии онҳо дар доираи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад.

Дар ин раванд, интизоми меҳнат яке аз унсурҳои калидӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, таъмини он аз љониби корфармо ва риояи он аз љониби корманд, ташкили самаранокии меҳнат, фазои солими корӣ, дар ниҳоят расидан ба натиљаҳои назаррас дар фаъолияти меҳнатӣ аз сатҳи маърифати ҳуқуқии љонибҳо (корманд ва корфармо) вобастагии зиёд дорад.

Маърифати ҳуқуқии корманд ва корфармо ифодаи худро аз љумла дар донистани нуқтаҳои асосии қонунгузорӣ оид ба меҳнат, санадҳои дохилии ташкилот (қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, созишнома ва шартномаи коллективӣ), шартномаи меҳнатӣ, дарки амиқи мазмун ва моҳияти онҳо, эҳтиром, риоя ва иҷрои дурусту бемайлони онҳо, донистан ва иҷрои бовиҷдононаи ҳуқуқу уҳдадориҳои субъективии онҳо меёбад.

Заминаҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккули маърифати ҳуқуқии корманд ва корфармо аз Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши меҳнат, Кодекси меҳнат, қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ, санадҳои дохилии ташкилот (қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, созишнома ва шартномаи коллективӣ), шартномаи меҳнатӣ сарчашма мегирад.

Тибқи сархати 22 моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Интизоми меҳнат – ин риояи талаботи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот» мебошад. Интизоми меҳнат яъне тартиботи зарурӣ барои амалӣ кардани ҳама гуна меҳнати якҷоя, қатъи назар аз шакли моликият ва доираи фаъолият мебошад.

Риояи интизоми меҳнат дар ҷойи кор ифодаи худро дар саривақт, сатҳи дахлдор ва софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ меёбад, ки ба зиммаи корманд ва корфармо тибқи шартномаи меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, низомнома, дастурамал ва фармоишҳои корфармо гузошта шудаанд.

Корманд зимни иҷрои вазифаи меҳнатии худ интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, бехатарии сухтор ва санитарияи истеҳсолӣ, амру супоришҳои корфаморо, ки аз доираи вазифаҳои меҳнатии ӯ бар меоянд, риоя намояд, бо кофармо ва аъзои коллективи меҳнатӣ ва дигар шахсоне, ки дар ҷараёни кору фаъолият бо онҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад, ҳалимона муносибат намояд. Корманд ҳамчунин уҳдадориҳоеро, ки аз қисми 2 моддаи 18 Кодекси меҳнати Љумҳурии Тољикистон бармеоянд, бе ягон монеа бояд риоя намояд.

Қонунгузории Љумҳурии Тољикистон оид ба меҳнат, созишномаву шартномаҳои коллективӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, таъмини интизоми меҳнатро дар ташкилоту муассиса ба зиммаи корфармо вогузор намудааст. Қонунгузор роҳҳои қонунии аз љониби корфармо таъмин намудани риояи интизоми меҳнатро пешбинӣ кардааст, ки яке аз ин роҳҳо муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ, техникӣ, санитарӣ - беҳдоштӣ ва иқтисодиву иљтимоӣ барои кормандон мебошад.

Дар баробари таъмин намудани риояи интизоми меҳнат, корфармо ҳамчунин уҳдадориҳоеро, ки қисми 2 моддаи 19 Кодекси меҳнати Љумҳурии Тољикистон пешбинӣ намудааст, бидуни қайду шарт бояд риоя намояд. Корфамо уҳдадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро дар љойи кор таъмин намояд, қонунгузории меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки аз ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд бар намеояд, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё ашхоси дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шараф ва эътибори касбӣ ё шахсии кормандро паст мезананд, талаб накунад. Дар ин баробар, кормандро низ зарур аст бо истифода аз сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои корфарморо, ки берун аз доираи қонун ва уҳдадориҳои вазифавиаш дода мешавад, иљро накунад.

Яке аз тарзу василаҳои самарабахш, ки ба таъмини интизоми меҳнат дар ташкилоту муассиса мусоидат мекунад, ин ҳавасмандгардонии кормандон барои меҳнати содиқона ва софдилона мебошад. Ҳавасмандгардонӣ ҳамчун калиди таъмини интизоми меҳнат низомест, ки талабот ва манфиатҳои муайяни кормандро ба назар мегирад. Корфармо метавонад аз намудҳои гуногуни ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ истифода намояд, аз љумла: ибрози изҳори минатдорӣ ба корманд барои натиљаи фаъолияти пурсамар, сарфароз гардонидани корманд бо мукофотпулӣ, тўҳфаҳои қимматнок, ифтихорномаву сипоснома ва пешниҳод намудани корманд ба дарёфти унвонҳои гуногуни ифтихорӣ ва соҳавӣ.

Ҳамчунин, барои хизмати шоиста дар назди љамъият ва давлат, корманд ба дарёфти мукофотҳои давлатӣ низ пешниҳод шуда метавонад, ки амали гардонидани он аз ташаббуси корфармо вобастагии зиёд дорад. Намудҳои мукофотҳои давлатӣ дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудаанд.

Тарзи дигари таъмини интизоми меҳнат дар ташкилоту муассиса, татбиқи љазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат мебошад. Қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба корфармо ҳуқуқи нисбати корманде, ки интизоми меҳнатро вайрон кардааст, татбиқ намудани љазои интизомиро додааст.

Корфармо ин ҳуқуқи худро нисбати корманде истифода бурда метавонад, ки интизоми меҳнатро гунаҳгорона вайрон карда бошад. Қисми 1 моддаи 62 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини ҷазои интизомиро пешбини намудааст: сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ ва бо ташаббуси корфармо қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ барои содир намудани кирдорҳои дар сархатҳои 3, 4, 6, 7, 11, 19-и қисми якуми моддаи 42 КМ ҶТ пешбинишуда.

Корфармо ҳангоми истифода аз ҳуқуқи татбиқ намудани яке аз ин љазоҳои интизомӣ, бояд дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ амал намояд ва то татбиқи љазои интизомӣ кору амал ва рафтори қаблии кормандро ба инобат гирад.

Қабл аз татбиқи љазои интизомӣ корфармо уҳдадор аст, ки аз корманд оид ба вайрон намудани интизоми меҳнат баёноти хаттӣ талаб намояд, то ин ки гунаҳгорона вайрон намудани интизоми меҳнат аз љониби корманд, муайян карда шавад. Агар корманд аз додани баёноти хаттӣ саркашӣ намояд, дар ин сурат корфармо бо иштироки шоҳидон дар ин хусус санади дахлдор татриб медиҳад. Яъне, аз додани баёнот саркашӣ намудани корманд, барои нисбати ў татбиқ намудани љазои интизомӣ монеа шуда наметавонад.

Нисбати корманде, ки интизоми меҳнатро вайрон кардааст, танҳо як љазои интизомӣ татбиқ намудан мумкин аст. Дар сурати розӣ набудани корманд бо санади татбиқи муљозоти интизомӣ, ў метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба мақомоти дахлдор шикоят барад.

Кодекси меҳнат мўҳлати амали љазои интизомиро на зиёда аз шаш моҳ муқаррар кардааст, ки он аз рўзи татбиқи љазои интизомӣ оѓоз мегардад. Агар дар давоми шаш моҳ нисбати корманд љозои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ корманд љазои интизомӣ надошта ҳисоб меёбад.

Корфармо бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд ё роҳбари бевоситаи ў ва ё дархости намояндаи кормандон (иттифоқи касаба) ҳуқуқи пеш аз муҳлат бардоштани љазои интизомиро дорад.

Ҳамин тавр, интизоми меҳнат – ин рафтори мураккаби иҷтимоии корманд мебошад, ки аз маҷмӯи амалҳои объективӣ ва субъективӣ, дохилӣ ва берунӣ, умумӣ ва махсус, вобастагии равонӣ, эҳсосӣ ва дигар зуҳуроти иқтисодию иҷтимоии ба он хос, иборат аст. Интизоми меҳнат омили самаранокии фаъолияти идора ва ташкилоту муассиса буда, идоракуниро талаб мекунад.

Хулоса, эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар пайи худ ҳикмати бузург дошта, дар назди ҳар сокини мамлакат, аз љумла иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ (корманд ва корфармо) масъулияти бештар гузошта, онҳоро водор месозад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро, ки аз Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, Кодекси меҳнат, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бармеоянд, дуруст дарк намуда, амалишавӣ ва риояи онҳоро бо дарназардошти риояи меъёри конститутсионии “инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд”, пиёда намоянд.

Назарзода Давлатхон Қурбонмурод-

декани факултети таърих ва ҳуқуқи

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент


 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj