• Tajik
  • Russian
  • English
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

НАҚШИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ДАР РУШДИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)
Шурои илмӣ-методии донишгоҳ мақоми доимии экспертӣ ва машваратӣ мебошад, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимии донишгоҳ, таъмини сифати баланди маводҳои илмӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва адабиёти дигар таъсис дода мешавад. Шурои илмӣ-методӣ мақоми коллегиалии машваратӣ ва тавсиявии роҳбарикунанда, маркази муҳокимаи масъалаҳои илмӣ, методӣ ва таълимии фаъолияти донишгоҳ ва ташкили коркардҳои илмию методӣ аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти Шурои илмӣ- методии донишгоҳ инҳоянд:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013, № 1004. Дар асоси моддаи 41 (Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ) Қонун дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд. Ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ Шурои муассисаи таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон ва олимон, шӯроҳои истеҳсолию педагогӣ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, директорон, ректорон, донишҷӯён, аспирантон, сарпарастон, нозирон, созмонҳои хонандагон, сохторҳои кумитаҳои кор бо ҷавонон ва занон, кумитаҳои падару модарон, ассотсиатсияҳои падару модарон, омӯзгорон ва ғайра дохил мешаванд, ки номгӯй ва вазифаҳои онҳо бо назардошти низомномаҳои дахлдори намунавии муассисаҳои таълимӣ дар оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ мегарданд. Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зеринро меандешанд: раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд; фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд; ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз 19 майи соли 2009, №531. Дар асоси моддаи 7 (Сохтори низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ) низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборат аст аз: стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ; муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимие, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таълими таҳсилоти марбутаи иловагии касбӣ иҷозатнома доранд; пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва иттилоотиву таҳлилӣ, паркҳои техникӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, клиникӣ, муолиҷавию пешгирӣ, дорусозӣ (фармасевтӣ), фарҳангию маърифатӣ, ки бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд ва фаъолияту рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро таъмин мекунанд; мақомоти идораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ҳамчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо; иттифокҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, ҷамъиятӣ, ШӮРОҲОИ ИЛМИЮ МЕТОДӢ ва дигар иттиҳодияҳо).
3. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, № 306. Дар асоси банди 135, боби 9 Низомнома дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти он шӯроҳои дигар низ таъсис дода мешаванд (яъне ба ғайр аз Шурои олимон). Тартиби интихоб, ҳайат, ваколатҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шӯроҳо тибқи оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.
Дар асоси банди 33, боби 3 Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» аз 21 июни соли 2017, №2213 дар сохтори Донишгоҳ Шурои олимон, Шурои методӣ, комиссияҳои илмию методӣ, марказҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ, инчунин дигар шуроҳо таъсис дода мешавад.
Низомномаи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ 30 сентябри соли 2022, № 2/5.15 тасдиқ карда шудааст. Дар асоси банди 1.2, боби 1 Низомнома фаъолияти Шурои илмӣ-методӣ бо мақсади татбиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишгоҳ, қарори Шурои олимон ва фармоишу дастурҳои ректори Донишгоҳ ва ҷиҳати тадриҷан беҳтар намудани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯи роҳҳу усулҳои пешқадами илм ва таълим, инчунин истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни таълим ба роҳ монда мешавад.
Ба вазифа ва салоҳиятҳои Шурои илмӣ-методӣ дохил мешавад: муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии донишгоҳ; ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ дар самти таҳия ва такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва коркарди меъёри баҳодиҳӣ ба комёбиҳои донишҷӯён; таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои дар донишгоҳ амалкунанда; таҳия ва таъмини тавсияҳои методӣ оид ба мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии донишгоҳ роҷеъ ба корҳои таълимию методӣ (лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ), таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳисоби воҳиди штатҳо ва тақсими сарбориҳои таълимии омӯзгорон, низомномаҳо ва дастурамалҳои донишгоҳ); ширкат дар таҳияи тавсияҳо оид ба такмили таснифоти ҷумҳуриявии ихтисосҳо, равияи ихтисосҳо ва тахассусҳое, ки аз рӯйи онҳо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ тайёр карда мешаванд; таъмини маводи илмию методт ҷињати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим бо назардошти мутобиқ намудани ҷараёни таълим донишгоҳӣ ба фазои умумиҷаҳонии таҳсилот (низоми таҳсилоти кредитӣ, усули фосилавии таълим, истифодаи технологияи компютерӣ ва Интернет дар ҷараёни таълим, шиносоӣ бо нанотехнология ва дигар воситаҳои иттилоотӣ-иртиботӣ); таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба маниторинг ва назорати сифати таълиму аттестатсияи донишҷӯён; таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим; омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ доир ба ташкили раванди корҳои таълиму тарбия ва татбиқи он тавассути чорабиниҳои илмию методии донишгоҳ (баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ, таҳияи маҷмӯаҳои илмӣ-методии донишгоҳӣ, хабарномаҳои методӣ, намоишҳои эҷодии омӯзгорон); омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, илмӣ-технологӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, пеш аз дипломии донишҷӯёну магистрантҳо (назарпурсиҳои сотсиологӣ, анкетагирӣ, конференсияҳои методӣ ва ғ.); таҳияи тавсияҳо ҷиҳати такмили сатҳи тайёрии назариявӣ ва амалии мутахассисони донишгоҳ; таҳлили масоили таъминоти донишҷӯёну омӯзгорон бо адабиёти илмӣ-методӣ; омӯзиши масъалаҳои психологию педагогии маҳорати касбии омӯзгорон, таҳияи тавсияҳо вобаста ба нақшагирии сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон; таъмини таҳия, нашр ва низоми мувофиқи паҳнкунии маводи тавсиявии илмӣ-методӣ; таҳияи маводи марбут ба масъалаҳои мубрами илмию методӣ барои баррасӣ дар Шурои олимон ва Маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ фаъолияти Шуроҳои илмӣ-методии факултетҳо ва комиссияҳои методии кафедраҳои умумидонишгоҳиро назорат менамояд. Зерсохторҳои мазкур дар таъмини корҳои илмию методӣ ва назорати сифати таълим дар назди Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ ҳисоботдиҳанда мебошанд. Шурои илмӣ-методӣ ҳамрадифи Шурои олимони муассисаи таълимии тањсилоти олии касбӣ буда, вазифаи онро ҳамаҷониба иҷро менамояд. Шурои илмӣ-методӣ дар назди Шурои олимони Донишгоҳ мақоми ҳисоботдиҳанда дорад. Шурои илмӣ-методӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳ дар ҳайати муовини ректор оид ба корҳои илмӣ (раис), муовини ректор оид ба корҳои таълим (муовини раис), сардорони раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия, котиби Шурои илмӣ-методӣ, раисони Шӯроҳои илмӣ-методии факултетҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор таъсис дода мешавад. Шурои илмӣ-методӣ вазифа ва уҳдадориҳои худро тавассути комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ, ки дар назди он созмон дода мешаванд, татбиқ мекунад. Вазифаи раисии комиссия ва гурӯҳҳои корӣ ба уҳдаи яке аз аъзои Шурои илмӣ-методӣ вогузор мегардад.
Дар назди Шурои илмӣ-методӣ комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории зерин амал мекунанд:
- комиссия оид ба баррасии лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои кории таълимӣ;
- комиссия оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим;
- комиссия оид ба омӯзиши усулҳои фаъоли таълим ва татбиқи технологияи нав дар раванди таълим;
- комиссия оид ба ташхис ва ба нашр тавсия намудани рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва комплексҳои таълимию методӣ;
- гурӯҳи корӣ доир ба таъминоти илмию методӣ ва техникии ҷараёни таълим;
- гурӯҳи корӣ оид ба назорати таъмини нашрии раванди таълим, маҳфилҳои илмӣ ва озмунҳои зеҳнии донишҷӯён.
Комиссияҳои Шурои илмӣ-методӣ масъалаҳои муайяни таълимӣ ва илмию методиро омӯхта, ҷиҳати муҳокима ба Шурои илмӣ-методӣ барои тавсия ва хулосаҳо пешниҳод менамоянд. Ҷаласаҳои Шурои илмӣ-методии факултетҳо ва комиссияҳои кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар як моҳ на камтар аз як маротиба гузаронида мешаванд. Шурои илмӣ-методӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ, комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис дода ба сохтору ҳайати комиссия ва гурӯҳҳи кории Шурои илмӣ-методӣ тағйирот ворид месозад.
Шурои илмӣ-методӣ аз рӯйи нақшаи корӣ, ки бо фармоиши ректори Донишгоҳ барои як соли хониш ва ё нимсолаи соли хониш тасдиқ карда мешаванд, фаъолият мекунад. Ҷаласаҳои Шурои илмӣ-методӣ на камтар аз як маротиба дар ду моҳ баргузор мегарданд. Дар сурати зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шурои илмӣ-методӣ низ гузаронида мешаванд. Қарори Шурои илмӣ-методӣ бо аксарияти овозҳо қабул ва аз ҷониби котиби Шурои илмӣ-методӣ таҳия ва тавассути раиси он имзо карда мешавад. Барои таҳия ва ҳифз намудани ҳуҷҷатҳои Шурои илмӣ-методӣ, ки ба муҳлати 5 сол нигоҳ дошта мешаванд, котиби он масъул аст. Қарорҳо ва тавсияҳои Шурои илмӣ-методӣ (тибқи фармоишу дастурҳои ректор, супоришҳои муовинони ректор оид ба илм ва таълим) бо зикри муҳлати иҷроиш ба садорати факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ барои иҷро манзур карда мешаванд. Ҳамаи сохторҳои Донишгоҳ доир ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ-методӣ ва таълимию методӣ барои амалӣ намудани қарорҳои Шурои илмӣ-методӣ муваззаф ҳастанд ва оид ба амалӣ намудани онҳо ба Шурои илмӣ-методӣ ҳисобот (гузориш, маълумотнома) манзур менамоянд.
Барои мисол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2023 6 ҷаласаи Шурои илмӣ-методӣ баргузор карда шуд, ки фарогири 34 масъала буда, аз ҷумла 28 масъалаи асосӣ ва 6 масъалаҳои ҷорӣ мебошад. Дар соли сипаригардида 334 адад маводҳои таълимию методӣ ба чоп тавсия шуданд, аз ҷумла 52 китобҳои дарсӣ, 84 монография ва 198 дастури таълимӣ-методӣ, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 60 адад зиёд мебошад. Дар соли 2023 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 52 адад китобҳои дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсияшуда чоп гардиданд, ки нисбат ба соли 2022 20 адад зиёд мебошад. Тањияи китобњои дарсї барои ихтисосњои илмњои риёзї, дақиқ ва табиӣ яке аз талаботи муњими “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмњои риёзї, дақиқ ва табиӣ барои солњои 2021-2025” аз 30 сентябри соли 2021, №170 ва солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мањсуб меёбад. Аз ин рӯ, китобҳои дарсӣ риёзї, дақиқ ва табиӣ 19 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022, 7 адад зиёд мебошад.
Дар хулоса зикр намудан зарур аст, ки нақши Шурои илмӣ-методии донишгоҳ бо назардошти вазифа, салоњият, ҳуќуќ, уњдадорињо, ҳайат ва таркиб дар рушди илмӣ ва таълимии донишгоҳ бузург аст. Чунки он мақоми машваратии дастаҷамъиест, ки корҳои таълимӣ, илмӣ ва методиро дар донишгоҳ ҳамоҳанг менамояд.

Дониёр Сангинзод,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
раиси Шурои илмию методии Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Абдусамад Ҳамроев,
котиби раиси Шурои илмию методии Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj